Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
зеро онҳо дар зарфи ҳазорҳо сол дар таҷриба, ҳаёт ва дар тамоми фаъолияти амалии инсон тасдиқ шудаанд.
Ҳамин тариқ, аксиомаҳо ҳамчун донишҳое, ки дар доираи фанни мазкур исботро талаб накарда, ҳақ будани онҳо дар таҷриба ва амалия санҷида шудаанд, ҳамчун асоси исботи мантиқӣ ба кор бурда мешаванд.
г) Донишҳои муқаддам исботшуда ҳамчун асоси исбот. Ғайр аз навъҳои дар боло зикршудаи асос, муҳокимаҳои онҳо ба қонунҳои табиат ва ҷамъият, ки ба воситаи борҳо санҷида шудаанд, ҳамчун асоси исбот истифода бурда мешаванд.
Масалан, дар илмҳои физика, химия, забоншиносӣ ва ғайра бо роҳи мушоҳида, таҷриба ва индукция қонунҳои муайян муқаррар мегарданд, дар натиҷаи борҳо санҷидан ҳақ будани онҳо тасдиқ мегардад ва дар қисми назарии илмҳои мазкур ҳамон донишҳо ҳамчун асоси исбот истифода бурда мешаванд.
Навъи дигари донишҳои аз ин пеш исботшуда ҳам мавҷуданд, ки роли асосии исботкуниро мебозанд. Ҳақ будани ин гуна донишҳо ба воситаи таърифи мафҳумҳо ё аксиомаҳо муқаррар карда мешавад.
Дар илмҳои математикӣ баъзе муҳокимаҳои исботшаванда бевосита бо ёрии аксиома ва таърифи мафҳумҳо исбот карда мешаванд. Баъзан бо ёрии аксиома ва таърифи мафҳумҳо муҳокимаи исботшаванда бевосита исбот карда намешавад, балки бо ёрии аксиома ва таърифҳо муҳокимаҳои муайяни исбот гардида, ба воситаи ин муҳокимаҳо ҳақ будани дигар донишҳо муқаррар карда мешаванд.
Масалан, дар вақти исбот кардани теорема оид ба саҳни секунҷа, параллелограмм ва дигар шаклҳо, барои ҳақиқати онҳоро исбот кардан ҳамчун асоси мантиқӣ на фақат таърифи мафҳуми «саҳн» ва ғайра ва на танҳо аксиома оид ба хатҳои мувозӣ, балки теоремаи зерини пеш аз ин исботшудае ба кор бурда мешаванд, ки мувофиқи он: агар саҳни квадрат бо паҳлӯҳои воҳид ҳосили зарби паҳлӯяш бо баландиаш баробар аст.
Ҳамин тариқ, дар вақти исбот ҳамчун асос донишҳои гуногун: муҳокимаҳо оид ба фактҳо, таърифи мафҳумҳо, аксиомаҳо ва муҳокимаи муқаддам исботшуда, истифода бурда мешаванд.
д) Тарзи исбот (намоиш). Дар рафти исбот ба воситаи асосҳо ҳақ будани тезиси исботшаванда ё дурӯғ будани тезиси радшаванда нишон дода мешавад. Бинобар ин, барои исботи асосҳои ҳақро ёфтан ва бо ёрии онҳо ҳақ (ё дурӯғ) будан бисёр мавридҳо дониста гирифтани асосҳои ҳақиқие, ки ҳақ будани тезисро эътироф мекунад, кифоя нест. Ғайр аз ин бояд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё