Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
нишон дода шавад, ки дар байни тезис ва асосҳое, ки ҳақ будани онҳо ба ҳақ будани тезис вобаста аст, чӣ навъ алоқа вуҷуд дорад.
Бинобар ин, алоқаи мантиқии муҳокимаҳо, ки он натиҷаи муайяни мантиқӣ мебошад, тарзи исбот ё ки намоиш ном дорад.
Намоиш аз як қатор хулосабарориҳо иборат аст, ки муқаддимаҳои онҳо асосҳои исботи мазкур буда, хулосаи охирини онҳо тезиси исботшаванда аст. Алоқамандии асосҳову хулосаҳое, ки аз асосҳо бароварда мешаванд натиҷаашон заруран эътироф намудани ҳақиқати тезиси исботшаванда аст, тарзи исбот мебошад.
Алоқаманд намудани асосҳое, ки дар охир ба ҳақ донистани тезиси исботшаванда меорад, як хел намешавад. Ин гуна алоқамандӣ ба худи асосҳо ва тезиси исботшаванда вобаста аст. Барои исбот намудан алоқамандии онро бояд муайян кунем. Исбот кори оддӣ набуда, кори мураккаби эҷодист.
Азбаски муайян намудани ин гуна алоқамандии асосҳо кори мураккаби эҷодист, исботи баъзе ҳодисаҳо дар зарфи даҳҳо сол ҳанӯз ҳал нагардидааст.
Ба ҳамин тариқ, тарзи исбот ё ки намоиш муайян намудани алоқамандии асосҳо ва тезиси исботшаванда буда, дар натиҷа ба анҷом расидани намоиш ҳақ (ё дурӯғ) будани тезис муқаррар мегардад.
§ 3. НАВЪҲОИ ИСБОТ
Исбот ба ду навъ тақсим мешавад: 1. Исботкунӣ; 2. Инкор. Исботкуние, ки ба воситаи он ҳақ будани тезис муқаррар мегардад, одатан исботкунӣ ном дорад. Исботкунӣ, ки ба воситаи он дурӯғ будани тезис муқаррар мегардад, инкор ё ки радкунӣ ном дорад. Дурӯғ будани тезис бо якчанд усулҳои мантиқӣ ошкор карда мешавад. Одатан ин кор чунин исботест, ки ба воситаи он дар байни муҳокимаи радшаванда ва муҳокимаҳои ҳақиқие, ки ҳамчун асос оварда мешаванд, муносибати муқобили муайян карда мешавад. Маълум аст, ки мувофиқи таълимоти қонуни зиддияти мантиқӣ ду муҳокимаи ба ҳамдигар муқобил якбора ҳақ намешавад, бинобар ин, аз ҳақ будани муҳокимаҳое, ки ба муҳокимаи радшаванда муқобиланд, дурӯғ будани муҳокимаи радшаванда ҳосил мешавад. Пас, барои рад кардан чунин муҳокимаҳои муқобили муҳокимаи радшавандаро ёфтан лозим аст, ки ҳақ будани онҳо аниқ бошад.
Масалан, агар сардорони ягон давлати таҷовузкор изҳор намоянд, ки онҳо тарафдори сулҳ мебошанд, ин изҳороти дурӯғ бо нишон додани далелҳое, ки ба вай зидранд, рад карда мешавад.
Аммо барои рад кардани тезиси дурӯғ на фақат донишҳо оид
ба фактҳои санҷидашуда истифода бурда мешаванд. Баъзан бо
мақсади исботи дурӯғии тезис ҳамчун асос муҳокимаҳое, ки пеш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё