Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

аз ин исбот шудаанд, ба кор бурда мешаванд. Масалан, фикр дар бораи он ки ҳамаи феълҳо ҳаракатро ифода менамоянд, ба посӣ аз ин фикр муқобил гузоштани фикр дар бораи он ки феълҳои ҳолатро ифодакунанда ҳам мавҷуданд, рад карда мешавад. Мисоли дигар, фикр дар бораи он ки ҳеҷ як ҷумла аз як калима иборат нест, бо нишон додани фикр дар бораи он ки баъзе аз ҷумлаҳо аз як калима иборатанд, рад карда мешавад. Дар умумӣ рад карда мешаванд.

Агар ягон шахс хоҳад, ки ҳақ будани ин ё он тезисро исбот кунад, он гоҳ барои тасдиқ намудани тезиси мазкур асос меорад.

Мумкин аст, ки тезиси ба миёнгузошта рад карда шавад, дар ин сурат тезис бояд ҳимоя карда шавад.

Бинобар ин, агар тезис инкор шуда истода бошад ё тахмин карда шавад, ки вай рад карда мешавад, дар ҳамин маврид ҳақ будани тезисро исбот намудан ҳимоя ном дорад.

Аз ин ҷост, ки ҳимояи диссертация барои гирифтани унвони илмии номзади фанҳо, доктори фанҳо ё ҳимояи лоиҳаи кори дипломӣ мегӯянд.

Радкунӣ (инкор) навъи муҳими исботкунӣ аст. Барои ҳақиқатро муқаррар намудан бо фикри дурӯғ, муҳокимаи ғалат мубориза бурда, вайро рад (инкор) кардан лозим аст.

  1. Аз ҷиҳати тарзи худ исботкунӣ ду навъанд:

  2. Исботи мустақим.

  3. Исботи ғайримустақим.

Исботе, ки дар вай асосҳо (далелҳо) бевосита ҳақ будани тезисро муайян мекунанд, исботи мустақим ном дорад. Дар исботи мустақим ҳақ будани тезис аз асосҳое ки ҳақанд, пайдо мешаванд. Мо асосҳои (далелҳои) ҳақро оварда ҳақ будани тезисро тасдиқ менамоем, ки он исботи мустақим номида мешавад.

Дар исботи ғайримустақим ҳақ будани тезис дар натиҷаи баҳзе муҳокимаҳои дигар муқаррар карда мешавад.

Бинобар ин, дар исботи ғайримустақим ҳақ будани тезис дар натиҷаи исботкунии муҳокимаҳои дурӯғ, ки ба тезис зид мебошанд, муқаррар мегардад. Муҳокимаҳое, ки ба тезис зиданд, антитезис (яъне зиддитезис) ном дорад. Дар исботи ғайримустақим ба воситаи нишон додани дурӯғии антитезис, тезис исбот карда мешавад.

Исботи ғайримустақим ду навъ мешавад: а) исботи ғайримустақими мунфасил; б) исботи ғайримустақими апагогияӣ (апагогияӣ калимаи юнонӣ буда, маънояш хулоса мебошад).

Тезис дар исботи ғайримустақими мунфасил яке аз узвҳои фикри тахминист, ки ин фикри тахминии ҳамаи фикрҳои имконпазири тахминиро оид ба предмети мазкур дар бар мегирад. Дар ин ҷо ғайр аз якто узв ҳамаи узвҳои фикри тахминӣ рад карда мешаванд. Ҳамин узви мустасно тезиси исботшаванда аст. Азбаски

пешина
аз 192
навбатӣ