Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

вай истисно гардида, дигар фикрҳои тахминӣ рад карда мешаванд, пас, ҳамин фикри тахминии раднашуда ҳамчун фикри ҳақ эътироф карда мешавад. Ин исботи ғайримустақими мунфасилро чунин ифода кардан мумкин аст. Ба мо маълум аст, ки А фақат ё В, ё С ва ё Д мебошад. Ин муҳокимаи мунфасил аст. Бояд мо исбот намоем, ки А — В мебошад. Агар мо асосҳое меёфтем, ки онҳо муҳокимаи «А — В мебошад»-ро бевосита тасдиқ кунанд, он гоҳ ин исботи мустақим мешуд, вале мо ин гуна асосҳоро наёфтем. Бинобар ин исбот карда мешавад, ки А на С ва на Д мебошад, пас А — В мебошад.

Масалан, ҳақ будани таълимоти Коперник (асри XVI) дар бораи системаи гелиоцентрии олам ба ҳамин роҳ исбот карда шуда буд. Пеш аз ба амал омадани таълимоти Коперник таълимоти Птоломей (асри II) дар бораи системаи геоцентрии олам мавҷуд буд, ки мувофиқи он Замин беҳаракат ва маркази коинот буда, сайёраҳо ва ситораҳо дар атрофи Замин ҳаракат мекунанд. Ғайр аз ин астроном Тихо де Браге (асри XVI) тахмин мекард, ки сайёраҳо ва ситораҳо ба атрофи Офтоб чарх зада, Офтоб бошад, бо ҳамроҳии худ — сайёраҳо ба атрофи Замин ҳаракат мекунад.

Таълимоти тахминии Птоломей, Тихо де Браге ва Коперник ягона тарзҳои имконпазири фаҳмонидани ҳаракатҳои ба назар намоёншавандаи ҷисмҳои осмонӣ буданд. Бинобар ин, азбаски инкишофи ояндаи илмҳо таълимоти тахминии Птоломей ва Брагеро тамоман инкор кард, таълимоти Коперник дар бораи системаи олам исбот гардид ва илм вайро қабул кард.

Исботи ғайримустақими мунфасилро дар вақти тадқиқот баъзан ҳуқуқшиносон, муфаттишҳо ҳам истифода мебаранд. Масалан, дар вақти тафтишот маълум мегардад, ки ҷинояти муайяниро танҳо ё шахси А, ё В, ё С ва ё Д содир кардаанд ва баъд аз ин муқаррар мегардад, ки на шахси В, на С ва на Д ин ҷиноятро содир кардаанд, бо ҳамин исбот карда мешавад, ки ин ҷиноятро шахси А содир кардааст.

Дар исботи ғайримустақими апагогиявӣ ҳақ будани тезис ба воситаи рад намудани муҳокимаҳое, ки ба тезис зид аст, муқаррар карда мешавад. Дар ин ҷо исботи тезис ин тавр ба амал меояд. Мо мехоҳем, ки муҳокимаи «А — В аст»-ро исбот намоем. Лекин асосҳо, далелҳои ҳақиқие, ки аз онҳо ҳақ будани муҳокимаи «А — В аст» мебарояд, надорем.

Бинобар ин, муҳокимаи зидди тезиси дар боло зикршуда, «А — В намебошад»-ро гирифта истода тахмин мекунем, ки ин муҳокима ҳақ аст ва ҳамаи натиҷаҳои имконпазир аз вай бароварда мешаванд. Маълум мегардад, ки ин натиҷаҳо дурӯғанд, яъне ба воқеият мувофиқ нестанд, пас, ин дурӯғ будани антитезис — муҳокимаи «А — В намебошад»-ро нишон медиҳад. Бинобар ин, агар муҳокимаи «А — В намебошад» дурӯғ бошад, аз ин мувофиқи таълимоти қонуни истиснои салоса ҳақ будани тезиси «А — В мебошад», ҳосил мешавад. Ин гуна исботи мантиқӣ бештар

пешина
аз 192
навбатӣ