Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Дар вақти тартиб додани фаразия дар асоси монандии нишонаҳо (хабари мантиқӣ) дар бораи монандии худи ин предметҳо (мубтадои мантиқӣ) хулоса мебарорем, бинобар ин, ин шакли силлогизм намуди зерин пайдо мекунад:
P-M аст S-M аст
Пас, S-P аст.
Масалан, одами ба касалии зуком гирифторшуда аломатҳои муайян пайдо мекунад, ки одами касал ҳам ин тавр аломатҳо дорад, пас, ин одам касалии зуком шудааст. Дар ин ҷо ҳам хулоса — дониш эҳтимолист, зеро ин аломатҳо мумкин аст, натиҷаи дигар касалӣ бошанд на мантиқан ҳар як мубтадои мантиқӣ дорои хабари мантиқии бисёре мебошад, бинобар ин, фаразия баъзан ҳақ ва баъзан ғалат мебарояд.
§ 2. АҲАМИЯТИ ИЛМИИ ФАРАЗИЯ
Фаразия ҳамчун методи мураккаби тадқиқот барои донистани сабаб, қонунҳои табиат ва ҷамъият аҳамияти бузург дорад. Олимони машҳуртарини давраҳои гузашта ба фаразия баҳои баланд дода, онро ҳамчун воситаи муҳими кашфиёти илм шуморидаанд.
Олими машҳури англис Ҷон Далтон навиштааст, ки қимати фактҳо ва таҷрибаҳо дар он вақт фаҳмида мешавад, ки онҳо асоси таълимоти назариявӣ, фаразияе ки барои натиҷаҳои нави оянда ва пешбинӣ кардани фактҳои нав имконият диҳад.
Олими бузург Менделеев гуфтааст, ки фаразияҳо барои илм ва омӯхтани он заруранд. Фаразияҳо чунин мунтазамӣ ва оддигии фикрҳоро ташкил мекунанд, ки бе онҳо фикри фаразиӣ ва эҳтимолиро қабул кардан душвор аст. Бинобар ин, бояд гуфт, ки: ба фаразияе, ки минбаъд мумкин аст ғалат барояд, бовар кардан авзалтар аст, нисбат ба ҳеҷ як фикри тахминӣ эътибор надодан. Фаразия тадқиқоти илмӣ — омӯхтани ҳақиқатро хеле осон ва фаҳмо мекунад.
Чи тавре ки таърихи илм шаҳодат медиҳад, бе фаразияҳо инкишофи донишҳои илмӣ душвор аст. Бисзёрии назарияҳои илмӣ, назарияи пайдоиш ва эволютсияи навъҳои Дарвин, таълимоти системаи даврагии элементҳои Менделеев ва ғайраҳо бори аввал ҳамчун фаразияҳои илмӣ ба миён омадаанд.
Дар замони ҳозира ҳам олимони машҳури ҷаҳон аз фаразия барои шарҳ додани ҳодисаҳо ва қонунҳои мураккабе, ки ҳанӯз пурра дониста нашудаанд, истифода мебаранд. Илми замони ҳозира фаразияҳои гуногун: фаразияи пайдоиши системаи Офтоб, фаразияи пайдоиши ҳаёт дар Замин ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Бинобар ин, фарзия барои инкишофи донишҳои илмӣ роли бузургро мебозад.
Ҳамин тариқ, фарзия барои дониста гирифтани ҳодисаҳо ва қонунҳои олами моддӣ аҳамияти калон дорад ва фарзияе, ки ба воситаи маълумотҳо, фактҳо, натиҷаҳои таҷриба ва амалиёти истеҳсолию ҷамъиятии инсон мукаммал исбот карда шудаанд, ба назарияҳои илмӣ табдил меёбанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё