Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
аз онҳо шеърҳоро гӯш карда ва онҳоро бо майли худ, бо таҳбири худ ифода мекарданд. Ҳамин тариқ, қамаш шаш хел рубоёт иншо гардид, ки сонитар дар вақти ҷамъ кардан, онҳоро ҳамчун рубоёти алоҳидаи шоир эътироф кардаанд. Дар вақти рӯйнавис кардани дастхатҳо ҳам миқдори хелҳои рубоихӯ зиёд мешавад. Пас, хулоса бароварда метавонем, ки мазмун ва мавзӯи ин қабил рубоиҳое, ки то ба замони мо омада расидаанд, ба худи Умари Хайём тааллуқ доранд.
Фарозия асосан бо ду роҳ ба амал меояд. Ин роҳ чунин аст: а) Ҳодисаҳои шарҳдодашаванда оқибати сабаб ва қонунҳои муайяни мебошанд. Агар сабаб бошад, пас, оқибат ҳам вуҷуд дорад. Ин алоқаи байни сабаб ва оқибат бо ёрии хулосабарории шартию қатъӣ чунин ифода меёбад:
Агар А бошад, он гоҳ В мавҷуд аст.
А мавҷуд аст.
Пас, В мавҷуд аст.
Дар вақти тартиб додани фарозия тарзи фикр баръакс мешавад, яъне монанди оқибатҳоро ба назар гирифта, аз мавҷуд будани оқибат, дар бораи мавҷуд будани асос хулоса мебарорем. Масалан:
Агар А бошад, он гоҳ В вуҷуд дорад.
В вуҷуд дорад.
Пас, А вуҷуд дорад.
Маълум аст, ки сабаби А оқибати В-ро ба миён меорад; бинобар ин, агар ҳодисаи В ба амал ояд, пас, хулоса мебарояд, ки бояд сабаби ин ҳодиса А бошад.
Инак, мисоли оддӣ: агар ин касалӣ зуком бошад, он гоҳ аломатҳои муайяни вай пайдо мешавад; шахси касал ҳамин гуна аломатҳо дорад, пас, вай касали зуком дорад.
Ба ҳамин тариқ, фарозия баъзан ҳамчун хулосабарории шартию қатъӣ тартиб дода шуда, дар вай аз мавҷудияти оқибат дар бораи мавҷуд будани асос хулоса мебарояд.
Азбаски дар фарозия аз вуҷуд доштани оқибат дар бораи вуҷуд доштани асос хулоса мебарояд, вай ҳамеша дониши таҳминӣ, эҳтимолист, зеро мумкин аст, ки оқибат аз дигар асос барояд, бинобар ин, фарозия баъзан ҳақ ва баъзан дурӯғ мебарояд.
б) Баъзан фарозия дар шакли дуюми силлогизми қатъие, ки ҳар ду муқаддимааш ҳам муҳокимаҳои тасдиқӣ мебошанд, ташкил меёбад.
Чӣ тавре ки қайд кардем, шакли дуюми силлогизм ба тариқи зайл ифода карда мешавад:
P — M аст
S — M нест
Пас, S — P нест

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё