Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 2. ТАЪРИФИ МАФҲУМ

Пайдо кардани мафҳумҳои илмӣ ба аниқ намудани мазмуни онҳо кори мураккаб ва душвор аст. Пеш аз ҳама нишонаҳои муҳимро аз нишонаҳои номуҳим ҷудо кардан масъалаи асосӣ мебошад. Пас, аз байни ҳамон нишонаҳои муҳими сершумор нишонаҳои асосие, ки барои таъриф заруранд, ҷудо карда мешаванд. Нишонаҳои муҳими мафҳум — инъикоси нишонаҳои муҳими предмет аст.

Маълум аст, ки мафҳум натиҷаи муҳокимаҳо, хулосабарориҳо ва исботҳо мебошад. Дар рафти дониста гирифтан нишонаҳои нави предметҳо ошкор мегарданд ва ин дониша бо муҳокима ифода карда мешавад. Дар натиҷа, дар бораи предмет мафҳуми возеҳ ва саҳеҳ ба вуҷуд меояд, ки ин мафҳум каму беш моҳияти ҳамон предметро инъикос мекунад. Предмет ва ҳодисаҳои воқеият тағйир ва инкишоф ёфта, нишонаҳои нав пайдо мекунанд, пас, донишҳои мо ҳам дар бораи предмет тағйир ва инкишоф меёбанд; он чизе ки муҳим буд, дар рафти тағйирот ва тараққиёт ба чизи номуҳим мубаддал мешавад ва он чизе ки номуҳим буд, дар натиҷаи тағйирот ва тараққиёт ба чизи муҳим табдил меёбад. Бинобар ин мазмуни мафҳум ҳам тағйир меёбад. Дар баробари тараққиёт мафҳум ҳам тағйир ёфта инкишоф меёбад. Як мафҳум бо дигар мафҳум иваз карда мешавад, ба ҷои як мафҳум мафҳуми дигаре ба миён меояд.

Аммо, қатъи назар аз ин тағйирот ва инкишоф, дар айни замон маъно ва мазмуни ни ё он мафҳумро муқаррар кардан мумкин аст.

Амали мантиқие, ки ба воситаи он мазмуни мафҳум муайян ва ошкор карда мешавад, таърифи мафҳум меноманд. Бинобар ин, таъриф ҳамон нишонаҳои предмети таърифшавандаро, алоқа ва муносибатҳои як предметро бо предметҳои дигар ошкор ва муқаррар намекунад, балки он нишонаҳое, ки дар айни замон ҳамчун нишонаҳои муҳим ба шумор мераванд, муқаррар менамоянд.

Маҳз аз ин сабаб таъриф ифодаи дониши муқарраргардида набуда, балки натиҷаи дар муддати дуру дароз дониста гирифтани воқеият аст. Ба воситаи таъриф моҳияти предмети таърифшаванда ва фарқи он аз дигар предметҳо муқаррар карда мешавад.

Масалан, илми археологияро, ки он дар асоси ёдгориҳои маданию материалии таърихии ҷамъияти инсониро меомӯзад, таъриф намуда, бо ин мазмуни асосии археология ва фарқи онро аз дигар фанҳо оид ба таърих муқаррар мекунем.

Мо забонро ҳамчун восита, аслиҳае, ки бо ёрии вай одамон бо ҳамдигар муносибат мекунанд ва фикрашонро ба ҳамдигар мефаҳмонанд, таъриф карда истода, бо ҳамин моҳияти забонро

пешина
аз 192
навбатӣ