Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

чун ҳодисаи ҷамъиятӣ ва фарқи онро аз дигар ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ошкор менамоем. Масалан, ҳуқуқи граждании СССР нормаҳое мебошад, ки он муносибатҳои молумулкии байни ташкилотҳои социалистӣ, байни ташкилотҳои социалистию гражданҳо ва муносибатҳои онҳоро дар бар мегирад. Чӣ тавре ки мегирем ва нишонаҳои ҳуқуқи гражданиро саҳеҳтар фаҳмида нем.

Ҳамин тариқ, мо дар натиҷаи таъриф нишонаҳо, хислатҳои муҳими предмети таърифшавандаро ошкор намуда, дар баробари ин предмети таърифшавандаро аз дигар предметҳои ба вай монанд фарқ мекунем.

Дар вақти таърифи мафҳум нишонаҳои муҳими ҳамин предмет ва гурӯҳи предметҳое, ки дар мафҳуми мазкур инъикос ёфтаанд, муқаррар карда мешаванд. Маълум аст, ки ҳар як предмет нишонаҳои муҳими бисёре дорад, аз ин сабаб муайян кардани онҳо душвор аст.

Илми мантиқ дар асоси садҳо таърифи дурусти мафҳум чунин тарзи таърифи мафҳумро муқаррар кардааст, ки бо ёрии он мазмуни мафҳуми таърифшаванда бе ҳеҷ душворӣ ошкор карда мешавад. Ин тарзи таъриф — таъриф бо ёрии ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ ном дорад.

а) Таъриф бо воситаи ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ. Барои мафҳумро бо ёрии ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ таъриф кардан, пеш аз ҳама, бояд ҷинси наздики онро муқаррар кард. Барои таъриф нишонаи ҷинсӣ нишонаи рифшавандаро ба ҳамон ҷинс муайян мекунад, дар айни замон фарқи он предметҳое, ки ба ҳамин ҷинс дохил намешаванд, нишонаи (ва ё нишонаҳои) навъии мафҳуми таърифшавандаро аниқ мекунанд. Барои таъриф ҳамаи нишонаҳои навъиро ош-ҳумҳои навъиро дар бар мегирад. Барои мафҳуми навъии таърифшаванда аз дигар навъҳои ҷинси мазкур фарқ кардан нишонаи навъии онро муқаррар намудан лозим аст.

Бинобар ин, таърифи мафҳум бо ёрии ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ аз қисмҳои зерин иборат аст: 1) мафҳуми таъриф-шавандаи навъӣ (баъзан ин мафҳуми таърифшаванда навъӣ не, балки мафҳуми тоқа мебошад); 2) ҷинси наздики мафҳуми таърифшаванда; 3) нишонаи навъии мафҳуми таърифшаванда.

Ин тарзи таърифи мафҳумро бо чунин мисол шарҳ медиҳем. Масалан, дар таърифи «феъл» — ҳиссаи нутқест, ки ҳаракат ва ҳолатро ифода мекунад, «феъл» — мафҳуми навъии таъриф-шаванда аст. Ин мафҳум — мафҳуми навъӣ мебошад, зеро ғайр аз феъл дигар ҳиссаҳои нутқ ҳам ҳастанд. Дар ин таъриф «ҳиссаи нутқ», ҷинси наздик мебошад ва хусусиятҳои «ҳаракат

пешина
аз 192
навбатӣ