Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

воситаи таърифи генетикӣ пайдоиш ва ташкилёбии предметро муқаррар менамояд. Ин амали таърифро ҳанӯз Аристотель муайян намуда буд. Масалан, «гирифтани Офтоб дар натиҷаи ба миёни Офтоб ва Замин гузаштани Моҳ ва ба замин афтодани сояи Моҳ пайдо мешавад». Ин таърифи генетикии гирифтани Офтоб мебошад, ки бо ёрии он пайдоиши ҳамин ҳодиса муқаррар карда шудааст.

Ҷиҳати мусбати таърифи генетикӣ аз он иборат аст, ки он танҳо термину (истилоҳро) таъриф накарда, балки ҳамон предметеро, ки дар мафҳум ифода ёфтааст, таъриф менамояд. Дар ин бобат таърифи генетикӣ ҳам таърифи реалӣ мебошад.

в) Таърифи номиналӣ. Ба воситаи таърифи номиналӣ ҳамон термин, калимае, ки бо ёрии он мафҳум ифода карда шудааст, шарҳ дода мешавад. Бо мақсади иваз кардани тасвири муфассали предмет бо калима, термине, ки ҳамон маъноро мефаҳмонад, таърифи номиналӣ ба кор бурда мешавад. Масалан, «демократия — ҳокимияти халқ мебошад», «тактика — ба тартиб овардан» аст. Бо таърифи номиналӣ танҳо маънои калимае, ки бо он мафҳум ифода меёбад, муқаррар карда мешавад.

«Пейзаж» калимаи фаронсавӣ буда, маънояш маҳал, мамлакат мебошад». Ин ҳам таърифи номиналӣ мебошад ва бо ёрии ин таъриф маънои калима фаҳмонда шудааст. Дар таърифи реалӣ нишонаҳои асосӣ ва муҳим муқаррар мегарданд. Бинобар ин, таърифи реалии мафҳуми пейзаж чунин аст: «Пейзаж чунин шакли санъат аст, ки ба воситаи он табиат тасвир карда мешавад». Бинобар ин, таърифҳои номиналӣ ҷои таърифҳои реалиро иваз карда наметавонанд.

Аммо таърифи номиналӣ аз нуқтаи назари методӣ барои шарҳ додани терминҳое, ки аз дигар забонҳо гирифта шудаанд, дорои аҳамияти хеле муҳим мебошад.

г) Қоидаҳои таъриф. Барои дуруст ба анҷом расонидани таърифи реалӣ, яъне таъриф бо ёрии чизи наздик ва нишонаи навъӣ бояд ба чор қоидаи зерин риоя карда шавад:

Қоидаи якум. Таъриф бояд мутаносиб бошад. Ин қоида дар таъриф набудани чизи зиёдатӣ, яъне чизи ба мафҳуми дигар тааллуқ надоштаро талаб мекунад. Аммо таъриф бояд ҳамаи нишонаҳои заруриро дар бар гирад. Аниқтараш, бояд ҳаҷми мафҳуми таърифшаванда ва таърифкунанда мутаносиб бошад. Агар ба ин қоида риоя карда нашавад, он гоҳ таъриф ё хеле танг ва ё аз ҳад зиёд васеъ мегардад. Баъзан таъриф дар айни замон хеле танг ва аз ҳад зиёд васеъ ҳам шуда метавонад. Барои таърифи хеле маҳдуд чунин таъриф мисол шуда метавонад: «Фонетика чунин қисми илми грамматикиест, ки вай овозҳои садоноки забонро меомӯзад». Дар ҳақиқат фонетика на танҳо овозҳои садонок, балки овозҳои бесадо ва умуман овозҳои забонро аз ҷиҳатҳои физиологӣ ва физикӣ меомӯзад.

пешина
аз 192
навбатӣ