Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

амали мантиқӣ — амали умумии таърифи ҳамаи мафҳумҳо шуда наметавонад.

Маҳдудиятнокии ҳамин усули таърифи мафҳумро В. И. Ленин таъкид намуда буд. Мафҳуми материяро таъриф намуда, В. И. Ленин навишта буд, ки «таъриф додан» чӣ маънӣ дорад? Маънои он — пеш аз ҳама, як мафҳумро ба мафҳуми дигари васеътаре дохил кардан аст. Масалан, вақте ки ман: ҳар — ҳайвон аст гуфта таъриф медиҳам, ман мафҳуми «ҳарро» ба мафҳуми васеътар дохил мекунам. Акнун чунин саволе ба миён меояд, ки оё аз мафҳумҳои: ҳастӣ ва тафаккур, материя ва эҳсос, чизи физикӣ ва чизи психикӣ дида мафҳумҳои васеътаре, ки онҳоро назарияи дониш кор фармуда метавониста бошад, мавҷуданд? Не, мавҷуд нестанд. Ин мафҳумҳо — мафҳумҳои ниҳоятдараҷа васеъ, аз ҳама васеътар мебошанд, ки дар асл гносеология (агар тағйироти ҳамеша имконпазири номҳоро номенклатураро дар назар надошта бошем) то ҳол аз онҳо он-сӯтар нарафтааст1.

Ҳамин тариқ, мафҳумҳои ҳаҷмашон ниҳоятдараҷа васеътар ҳастанд, ки барои онҳо мафҳуми ҷинсиро ёфтан мумкин нест ва ин гуна мафҳумҳо бо тарзи зикршуда таъриф карда намешаванд.

Мафҳумҳое низ ҳастанд, ки барои онҳо нишонаҳои навъиро ёфта ошкор кардан мумкин нест.

Аз дигар ҷиҳат боз мафҳумҳое мавҷуданд, ки онҳо бо ин тарз ҳеҷ гоҳ таъриф карда намешаванд. Ин тарзи таъриф ин тавр ба амал меояд: мафҳуми таърифшаванда бо ёрии дигар мафҳумҳо, яъне ба воситаи ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ таъриф карда мешавад. Он мафҳумҳое, ки бо ёрии онҳо мафҳуми таърифшаванда таъриф карда шуд, бояд таъриф карда шаванд. Бинобар ин, як мафҳум бо ёрии дигар мафҳум, мафҳуми дигар бо ёрии мафҳуми сеюм ва ғайра таъриф карда шаванд. Пас, мафҳумҳое мавҷуданд, ки онҳоро бо ёрии ин амал таъриф кардан мумкин нест, вале ба воситаи ин мафҳумҳо мафҳумҳои дигар таъриф карда мешаванд.

Мафҳумҳое ки бо ёрии чизи наздик ва нишонаҳои навъӣ таъриф намешаванд, онҳоро ё бо роҳи ба ҳисоб гирифтани иншонаҳои муҳим, ё ба воситаи муқаррар кардани нишонаи предмет, ё бо роҳи муайян намудани алоқа ва муносибати ҳамин предмет бо дигар предметҳо таъриф карда мешаванд.

Таъриф бо ёрии муқаррар намудани ҷинси наздик ва нишонаи навъӣ таърифи реалӣ ном дорад. Баъзан барои ошкор намудани мазмуни мафҳум дигар тарзҳои таъриф — таърифҳои генетикӣ ва номиналӣ ҳам истифода бурда мешаванд.

б) Таърифи генетикӣ. Баъзан барои ошкор намудани мазмуни мафҳум таърифи генетикӣ ба кор бурда мешавад. Ба

1 В. И. Ленин. Асарҳо, ҷилди 14, саҳ. 161—162.

пешина
аз 192
навбатӣ