Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

§ 3. ТАҚСИМИ МАФҲУМ

Маълум аст, ки ҳар як мафҳум дорои мазмун ва ҳаҷм аст. Мазмуни мафҳум дар таърифи он, ҳаҷми мафҳум дар тақсими он ошкор мегардад.

Бинобар ин, тақсими мафҳум чунин амали мантиқиест, ки ба воситаи он ҳаҷми мафҳум ошкор карда мешавад.

Дар вақти тақсим мафҳуми ҷинсӣ ба мафҳуми навъӣ ҷудо карда мешаванд. Мафҳуме, ки ҳаҷмаш тақсим мешавад, мафҳуми тақсимшаванда ном дошта, мафҳумҳои тобеи навъӣ, ки дар натиҷаи тақсим ба амал меоянд, узвҳои тақсим ном доранд. Мафҳуми тақсимшаванда ҳамчун мафҳуми ҷинсӣ муайяни гурӯҳи предметҳоро дар бар мегирад.

Ба воситаи ягон нишона ҳамин мафҳуми ҷинсӣ ба мафҳумҳои навъие, ки ба вай тобеъанд, тақсим карда мешаванд. Масалан, одамонро бо нишонаи нажодӣ, миллат, маълумот, ҷинс, синну сол, давлатро аз ҷиҳати моҳият ва шаклҳои идоракунӣ тақсим кардан мумкин аст. Нишонае ки бо ёрии он ҳаҷми мафҳум ба мафҳумҳои тобеи навъӣ тақсим мешавад, асоси тақсим ном дорад.

Ҳар як нишона асоси тақсим шуда метавонад, вале бо мақсади фаъолияти илмӣ ва амалӣ барои тақсим бояд нишонае гирифта шавад, ки вай аз ягон ҷиҳат муҳим бошад. Дар рафти тақсим асоси тақсимро бо ду роҳ ба кор бурдан мумкин аст:

  1. Ҳаҷми мафҳумро бо тағйирёбии нишона тақсим кардан мумкин аст. Масалан, ҷумла аз ҷиҳати таркиб ба ҷумлаҳои содда ва мураккаб; ҷумлаҳои содда дар навбати худ аз ҷиҳати маъно ба ҷумлаҳои хабарӣ, саволӣ ва ҳитобӣ тақсим мешаванд; муносибатҳои истеҳсолотӣ дар асоси тағйироти тарзи истеҳсолӣ ба муносибатҳои ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ ва коммунистӣ тақсим мешаванд ва ҳоказо.

  2. Мафҳумро аз ҷиҳати ба вай хос будан ё хос набудани ягон нишона тақсим кардан мумкин аст. Чунончи, адабиётро ба адабиёти бадеӣ ва адабиёти ғайрибадеӣ, хонандагонро ба аъзочиён ва ғайриаъзочиён, давлатҳои ҳозиразамонро ба давлатҳои социалистӣ ва ғайрисоциалистӣ ва хоказо тақсим кардан мумкин аст.

Тақсими мафҳум дар асоси тағйирёбии нишона. Барои ин гуна тақсими мафҳум нишонае, ки ба ҳамаи предметҳои мафҳуми тақсимшаванда хос аст, гирифта шуда, аз рӯи он тақсим ба анҷом расонда мешавад. Муқаррар намудани нишонае, ки аз рӯи он ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда ба навъҳо тақсим карда мешавад, шарти асосии тақсими мафҳум мебошад.

Нишонае, ки муқаррар карда мешавад, бояд қобили тағйирёбии навъӣ бошад. Дар рафти тақсим ин тағйирёбии навъиро дар назар дошта ҳамаи навъҳоеро, ки онҳоро мафҳуми ҷинсӣ

пешина
аз 192
навбатӣ