Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
дар бар мегирад, ба вуҷуд меоранд. Яъне дар асоси ҳамин нишона мафҳуми ҷинсӣ ба мафҳумҳои навъӣ тақсим мешавад.
Чунончи, мафҳуми формацияи иҷтимоӣ-иқтисодиро дар асоси тағйирёбии нишонаи «тарзи истеҳсолот» ҳаҷми мафҳуми «ҳиссаи нутқ»-ро дар асоси тағйирёбии нишонаи «маъно», «шароитҳои моддии ҳаёти ҷамъият»-ро аз ҷиҳати тағйирёбии нишонаи «аҳамияти барои тараққиёти ҷамъият» ба ҳамин роҳ тақсим мекунанд.
Масалан:
I. Формацияи иҷтимоӣ-иқтисодӣ . . .
Ҳиссаи нутқ . . . . . . . . . . . .
Шароитҳои моддии ҳаёти ҷамъиятӣ . . .
Ибтидоӣ-қавмӣ
Ғуломдорӣ
Феодалӣ
Капиталистӣ
Коммунистӣ
Исм
Сифат
Шумора
Ҷонишин
Феъл
Зарф
Пешоянд
Пайвандак
Ҳиссача
Нидо
Муҳити географӣ
Афзоиш ва зичии аҳолӣ
Тарзи истеҳсолотӣ
Неъматҳои моддӣ.
Дар вақти тақсими мафҳум баъзан хатоҳо содир мешаванд.
Барои ба хатоҳо роҳ надодан ва тақсимро дуруст ба анҷом расонидан, бояд ба қоидаҳои зерини тақсим риоя кард:
а) Тақсим бояд аз рӯи як нишона ба анҷом расонида шавад. Албатта, як мафҳумро дар мавридҳои гуногун аз рӯи нишонаҳои гуногун тақсим кардан мумкин аст.
Масалан, мафҳуми «студент»-ро аз рӯи нишонаи миллат, синну сол, ҷинс ва ғайра тақсим карда метавонем, вале агар мафҳум аз рӯи ягон нишона тақсим шуда истода бошад, дар рафти ин тақсим набояд ҳамин нишона бо дигар нишона иваз карда шавад. Масалан, тақсими мафҳуми «студент» ба тоҷикҳо, бистсолагиҳо, писарон нодуруст аст, зеро ин тақсим аз рӯи се нишона: миллат, синну сол, ҷинс ба амал оварда шудааст. Ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё