Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа
Тақсими мафҳум аз ҷиҳати хос будан ва ё хос набудани ягон нишона (тақсими дихотомӣ). Тақсими мафҳум аз ҷиҳати хос будан ва хос набудани нишона — ҳаҷми мафҳумро ба ду мафҳуми навъии ба ҳам зид тақсим кардан аст.
Барои ин ҳаҷми мафҳуми тақсимшаванда ба як мафҳуми навъӣ ҷудо карда мешавад, ки ба вай ягон нишона хос аст аз ҳаҷми мафҳум ба ҳамин мафҳуми навъӣ ва дигар мафҳуми навъине, ки ба вай ҳамин нишонаи мазкур хос намебошад, тақсим карда мешавад. Масалан, мафҳуми адабиёт ба мафҳумҳои адабиёти бадеӣ ва ғайрибадеӣ, мафҳуми давлатҳои ҳозиразамон ба давлатҳои демократӣ ва ғайридемократӣ, мафҳуми аъзоҳои ҷумла ба сараъзоҳои ҷумла ва ғайрисараъзоҳо тақсим мешаванд.
Дар натиҷаи ин ҳар як амали тақсим ду мафҳуми навъии ба ҳам зидро ба миён меорад. Ин гуна тақсими мафҳум тақсими дуаъзодор ва ё дихотомӣ ном дорад.
§ 4. КЛАССИФИКАСИЯ
Классификация тақсими мураккаби предмет ва мафҳум мебошад.
Классификация тақсими ҷинси предметҳо, мафҳумҳо аз рӯи монандӣ ва фарқашон аз дигар предметҳо мебошад, ки ҳар яке аз ин гурӯҳҳо нисбат ба дигараш мавқеи доимӣ ва аниқро ишғол мекунад.
Классификация дар ҳамаи соҳаҳои фан ва фаъолияти амалӣ ба кор бурда мешавад.
Классификация ду навъ мешавад:
- Классификацияи сунъӣ;
- Классификацияи табиӣ.
Классификацияи сунъӣ дар асоси ягон нишонаи сунъӣ ба анҷом расонида мешавад ва ин навъи классификация барои бо осонӣ ёфта гирифтани предметҳои ҷудогонаи гурӯҳ ё ягон ҷинси муайян ёрӣ мерасонад. Дар журнал аз рӯи ҳарфҳои алифбо тақсим кардани хонандагон ба классификацияи сунъӣ мисол шуда метавонад.
Дар классификацияи табиӣ предметҳо аз рӯи нишонаҳои муҳим ба гурӯҳҳо, ҷинсҳо тақсим карда мешаванд. Масалан, дар илми забоншиносӣ классификацияҳои гуногуни забон: классификацияҳои генеологӣ (насабӣ), морфологӣ, психологӣ, даврагӣ ва ғайра маълум аст. Чунончи, дар асоси классификацияи генеологии худ — аз рӯи нишонаи умумияти пайдоиш — забонҳо ба якчанд гурӯҳҳо: забонҳои ҳинди-европоӣ, угро-финӣ, туркӣ, муғулӣ, сомӣ ва ҳоказо тақсим мешаванд. Ин гурӯҳҳо забонҳо боз дар навбати худ ба дигар гурӯҳҳо, масалан, ба забонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё