Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

ҳиндӣ-европоӣ ба гурӯҳҳои забонҳои ҳиндӣ, эронӣ, славянӣ, балтикӣ, германӣ, романӣ тақсим мешаванд.

Дар асоси классификасияи морфологии забонҳо аз рӯи нишонаи сохти морфологии калимаҳо забонҳо ба чор тип: изолятсияванда (ҷудошаванда), агглютинативӣ, флективӣ ва полисинтетикӣ тақсим мешаванд.

Классификасия дар дигар соҳаҳои илм ва амалиёт ҳам истифода бурда мешавад. Чунончи, ҳуқуқи ҷиноятии советӣ классификасияро ба кор бурда, ҷинояткорро ба ду категория тақсим мекунад: 1) ҷинояткороне ки фаъолияташон бар зидди сохти советӣ нигаронида шудааст ва бинобар ин хеле хавфнок ба шумор мераванд ва 2) дигар хел ҷинояткорон.

Барои классификасияро дуруст ба анҷом расонидан бояд ба ҳама қоидаҳои тақсими мафҳум риоя карда шавад. Дурустии классификасия талаб мекунад, ки бояд ин амал дар асоси нишонае, ки барои фаъолияти амалӣ аҳамиятнок ва муҳим мебошад, ба анҷом расонида шавад.

Агар ҳамчун асоси классификасия нишонаи номуҳим ва ё тасодуфӣ гирифта шавад, он гоҳ ин гуна системаи тақсимоти предметҳо ба зудӣ аҳамияти худро гум мекунад. Ва, баръакс, агар асоси классификасияро нишонаи муҳим, асосӣ ташкил диҳад, ин гуна классификасия барои пешравии инкишофи илму амалиёт роли бузург мебозад. Ин гуна классификасия дониста гирифтани чизҳо, ҳодисаҳои воқеиятро осон карда, барои кашф кардани қонунияти онҳо имконият медиҳад. Классификасияи предметҳо абадӣ нест. Бо инкишофи дониш классификасия ҳам тағйир меёбад ва сарехтар мегардад.

§ 5. АМАЛИ МАНТИКИИ ИНКОРИ МАФҲУМ

Амали инкори мафҳум чунин амали мантиқист, ки ба воситаи он аз ин мафҳум, мафҳуми дигаре ба миён меояд. Масалан, мафҳуми А-ро инкор карда истода мафҳуми ғайри А-ро ба миён меоварем. Дар натиҷаи инкори мафҳуми адабиёти бадеӣ мафҳуми адабиёти ғайрибадеӣ ташкил меёбад ва дар айни ҳол мафҳумҳои адабиёти бадеӣ ва мафҳуми адабиёти ғайрибадеӣ мафҳуми адабиётро ташкил медиҳанд, ки мо дар бораи он дар айни замон фикр карда истодаем. Аниқтараш, агар мафҳуми А ва ғайри А ҳамдигарро инкор намоянд, дар он сурат ҷамъи мафҳуми А ва ғайри А ба мафҳуми I баробар аст. Дар ин ҷо мафҳуми 1 адабиёт бошад, пас он мафҳуми адабиёти бадеӣ ва адабиёти ғайрибадеӣ, яъне адабиёти илмӣ ва техникӣ баробар аст.

Дар натиҷаи инкори мафҳуми ғайри А, ки аз мафҳуми аввалӣ (аз мафҳуми А) ташкил ёфтааст, боз мафҳуми А-ро пайдо мекунем. Ин кори дукаратаи А боз мафҳуми А-ро пайдо мекунад, ки ин амал бо формулаи зерин тасвир карда мешавад: [На (ғайри А) = А].

пешина
аз 192
навбатӣ