Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

монандиро ҷиҳати айният ташкил медиҳад. Ду чиз ба ҳам монанд аст, чунки онҳо аз ягон ҷиҳат айнан як хел мебошанд.

Айниятро ҳамчун асоси монандӣ эътироф намудан чунин маъно дорад, ки дар худи чизҳои тоқа, фардӣ умумият ҳаст, ки ин умумият моҳияти ҳамин чизҳои тоқа, фардиро ташкил карда, дар мафҳум инъикос меёбад.

Азбаски умумият, айният дар худи предметҳо, ҳодисаҳо мавҷуд аст, мо онҳоро ба ҳамдигар монандӣ доранд, мегӯем. Намояндагони концептуализм ҳамин ҷиҳати масъаларо фаҳмида натавонистаанд.

в) Номинализм. Дар байни назарияҳои концептуализм ва номинализм тафовути ҷиддие нест. Намояндагони номинализм дар асрҳои миёна (масалан, Дунс Скот, Уильям Оккам ва ғайра) мегуфтанд, ки дар воқеияти реалӣ чизҳои тоқа, фардӣ мавҷуданд. Умумият ва чизи куллӣ вуҷуд надорад. Дар тафаккури мо дар бораи чизҳо танҳо тасаввуроте мавҷуд аст. Вале мо калимаҳоро истифода бурда, ба воситаи онҳо предметҳои бо ҳам монандро ифода намуда, дар бораи ҷинси предметҳо фикр карда метавонем. Масалан, калимаи «одам» мафҳуми одамро ифода намекунад, балки танҳо аломат, исм мебошад 1.

Мафҳумҳои умумӣ, пас, фақат ном, исмҳо мебошанд. Мо ба гурӯҳи муайяни чизҳо, ҳодисаҳои тоқа, фардӣ номи умумие медиҳем. Бинобар ин, умумият дар худи воқеият мавҷуд нест. Номинализм ба таълимоти агностицизм 2 наздик аст. Мувофиқи ақидаи номиналистҳо моҳияти ҳодисаҳоро донистан мумкин нест.

Аз рӯи таълимоти номинализм танҳо чизҳо, ҳодисаҳои тоқа мавҷуданд, ки дар байни онҳо ҳеҷ як алоқамандӣ нест, зеро дар байни онҳо умумият вуҷуд надорад. Бинобар ин, назарияи мазкур аз сар то охир хаёлӣ буда, дар воқеият вуҷуд доштани қонуниятро инкор мекунад.

Намоянда ва пайравони номинализм ба мисли концептуалистҳо мегӯянд, ки калима гурӯҳи чизҳои монандро муттаҳид мекунад. Бинобар ин чизҳои тоқа, фардӣ ба ҳам монандӣ доранд. Вале онҳо мегӯянд, ки монандӣ дар бораи вуҷуд доштани айният ва умумият гувоҳӣ намедиҳад.

Дар ҳақиқат, монандӣ дар бораи айнияти предметҳо шаҳодат медиҳад ва айният чунин маъно дорад, ки умумият дар худи предметҳо мавҷуд бошад.

Дар асрҳои миёна номинализм аҳамияти муайян дошт ва он бар зидди назарияи реализм нигаронида шуда буд. Аммо сониятар дар философияи идеалистии субъективӣ Беркли ва Юм, хусусан дар баъзе равияҳои философияи буржуазияи замони ҳо-

1 Номина — калимаи лотинӣ буда, маънояш ном — исм аст, ки номи ин назария ҳам аз ҳамин ҷо пайдо шудааст.
2 Агностицизм аз калимаи лотинии а-на, гносис — дониш (чунин назарияест, ки вай имконияти дониста гирифтани олам ва қонунияти онро рад мекунад), гирифта шудааст.

пешина
аз 192
навбатӣ