Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

вуҷуд доранд, кулолгар фақат онҳоро бо ҳам вобаста мекунад. Одам сафол ва шаклро намесозад. Ҳамаи чизҳо моддӣ нестанд ва дар чизҳо ягон материяи абадӣ нест. Материя бо ёрии шакл зоҳир мегардад, бе шакл вай дар ҳолати ҳастӣ вуҷуд надорад. Чунин аст, хулосаҳои нодурусти Аристотель.

Философҳо, мантиқшиносони буржуазии замони ҳозира ақчадаҳои идеалистии Платон ва дигар идеалистонаро аз нав барқарор намуда, дар воқеияти реалӣ мавҷуд будани умумиятро рад мекунанд. Умумият ба фикри онҳо характери моддӣ не, характери маънавӣ дорад. Чизе ки дар фазо ва вақт вуҷуд дорад, чизи реалӣ мебошад. Фазо, вақт бошад ба умумият дахл надорад. Умумият аз фазо ва вақт берун аст, пас, вай маънавӣ мебошад ва ҳастии реалӣ дар асоси маънавӣ мавҷуд аст. Ин гуна назарияҳои беасоси идеалистиро тарафдорони назарияи концептуализм кайҳо танқид кардаанд.

б) Концептуализм. Мувофиқи ин назария дар воқеияти реалӣ предмет, ҳодисаҳои якка (тоқа, фардӣ) мавҷуданд.

Аз ин ҳодисаҳои сершумору гуногуни тоқа, фардии воқеият чизҳои ба ҳам монанд, чунончи одам, дарахт, мева ва ғайра ҷудо карда гирифта мешаванд ва онҳоро муқоиса карда, нишонаҳои фарқкунандаро партофта, нишонаҳои монандашон ҳамчун чизи том муттаҳид карда мешаванд. Ин чизи томе ки аз нишонаҳои монанд ташкил ёфтааст, мафҳуми ҳамон ҷинси ҳодисаҳо мебошад.

Бинобар ин, дар воқеият умумият нест, балки чизҳо, ҳодисаҳои фардӣ ҳастанд. Умумият — маҳсули тафаккур (концептус) мебошад. Умумиятро тафаккур месозад, пас, умумият инъикоси воқеияти реалӣ нест ва дар ҳастӣ ба он чизе мувофиқ намеояд. Мафҳум чи қадар умумияттар бошад, вай ҳамон қадар аз воқеият дуртар аст. Аммо ҷиҳати мусбати ин назария аз он иборат аст, ки тарафдори вай (масалан, философи француз Пьер Абеляр 1079—1142) саъю кӯшиш менамоянд, ки пайдоиши умумиро дар асоси чизи ғайриумумӣ, тоқаи реалӣ фаҳмонанд. Агар ҳодисаҳо, чизҳо, танҳо, тоқа, якка бошанд, аз онҳо умумият пайдо намешавад. Чунончи, агар одамон, дарахтон, меваҳо фақат чизҳои тоқа, фардӣ бошанд, дар байни одамон ҳеҷ як умумияте набувад, пас аз онҳо умумият ба вуҷуд овардан мумкин нест.

Аммо намояндагони назарияи концептуализм мегӯянд, ки чизҳои тоқа умумият, яъне нишонаҳои монанд доранд. Вале онҳо дар айни замон моҳияти мафҳуми монандиро фаҳмида наметавонанд.

Дар ҳақиқат, агар дар байни онҳо айнияти муайяне набувад, монандӣ ҳам шуда наметавонад. Монандии чизҳо дар бораи аз ягон ҷиҳат айният доштани онҳо гувоҳӣ медиҳад. Дар воқеият Карим ва Раҳим монанданд, чунки онҳо одаманд, бед ва чинор монанданд, чунки онҳо дарахтанд, ШМА ва Англия монанданд, чунки онҳо давлатҳои империалистӣ мебошанд. Асоси

пешина
аз 192
навбатӣ