Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан

БОБИ IV
МУҲОКИМА

§ 1. ТАЪРИФИ МУҲОКИМА

Муҳокима яке аз шаклҳои тафаккур мебошад. Муҳокима ҳам мисли мафҳум инъикоси воқеияти реалие мебошад, ки берун аз шуури инсон ва новобаста ба он вуҷуд дорад.

Муҳокима чунин шакли тафаккур мебошад, ки вай алоқа, муносибати предметҳо ва нишонаҳои онҳоро бо ёрии тасдиқ ва рад кардан инъикос мекунад.

Дар муҳокима ҳамеша дар бораи ба предмет хос будани ягон нишона, хусусият тасдиқ карда мешавад ва ё ба предмет хос набудани ягон нишона, хусусият рад карда мешавад. Барои муҳокима чунин мисол овардан мумкин аст.

  1. «Классикони адабиёт — нависандагони машҳур мебошанд».
  2. «Давлатҳои социалистӣ — давлатҳои демократии ғозиразамонанд».
  3. «Ҳеҷ як одами советӣ ҷангро намехоҳад».

Муҳокима доимо ё ҳақ ва ё дурӯғ мешавад. Мазмунан муҳокима бо воқеияти реалӣ мувофиқ ояд, яъне олами берунаро дуруст инъикос кунад, чунин муҳокима ҳақ мешавад. Мазмуни муҳокима бо воқеияти реалӣ мувофиқ наояд, олами берунаро дуруст инъикос накунад, ин гуна муҳокима дурӯғ мешавад.

Асосгузори илми мантиқ Арасту (Аристотель) ҳақ ва дурӯғ будани муҳокимаро шарҳ дода, навишта буд, ки агар чизе дар воқеият алоқаманд бошад, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда шавад ва чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, дар муҳокима ҳам алоқаманд карда нашавад, пас муҳокима ҳақ мешавад.
Агар чизе, ки дар воқеият алоқаманд асту дар муҳокима алоқаманд карда нашавад ва чизе ки дар воқеият алоқаманд нест, вале дар муҳокима алоқаманд карда шавад, муҳокима дурӯғ мешавад.

Чунончи, муҳокимаи «қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар Шарқ зиндагонӣ мекунад» ҳақ мешавад, зеро Шарқ ва қисми бисёри аҳолии ҷаҳон дар худи воқеият алоқаманданд. Агар, баръакс, «Қисми зиёди аҳолии ҷаҳон дар Шарқ зиндагонӣ намекунанд»

пешина
аз 192
навбатӣ