Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ТаҳсилотИлм
Аз аввал хондан

ки мураббаи мантиқӣ ном дорад, нишон дода мешавад. (Нигар ба расми 14).

Аз ин мураббаи мантиқӣ маълум мегардад, ки дар байни муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ (А) ва умумии инкорӣ (Е) муносибати муқобилӣ мавҷуд аст. Муносибати муқобилӣ чунин маъно дорад, ки ин гуна муҳокимаҳо якбора ҳақ нашуда, баъзан якбора дурӯғ ҳам мешаванд.

Дар байни муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ (А) ва ҷузъии инкорӣ (О) ва дар байни муҳокимаҳои умумии инкорӣ (Е) ва ҷузъии тасдиқӣ (И) муносибати зиддият мавҷуд аст, ки ин гуна муҳокимаҳо якбора на дурӯғ мешаванд, на ҳақ. Агар яке аз онҳо дурӯғ бошад, дигараш ҳақ мешавад ва, баръакс, яке аз онҳо ҳақ бошад, дигараш дурӯғ мешавад.

Дар байни муҳокимаҳои умумии тасдиқӣ (А) ва ҷузъии тасдиқӣ (И) ва дар байни муҳокимаҳои умумии инкорӣ (Е) ва ҷузъии инкорӣ (О) муносибати тобеият вуҷуд дорад, ки мувофиқи ин муносибат аз ҳақ будани муҳокимаи умумӣ ҳақ будани муҳокимаи ҷузъӣ аз дурӯғ будани муҳокимаи ҷузъӣ, дурӯғ будани муҳокимаи умумӣ пайдо мешавад, вале аз муҳокимаи дурӯғи умумӣ ҳамеша муҳокимаи ҷузъии дурӯғ намебарояд ва аз муҳокимаи ҷузъии ҳақ ҳамеша муҳокимаи умумии ҳақ намебарояд.

Дар байни муҳокимаҳои ҷузъии тасдиқӣ (И) ва ҷузъии инкорӣ (О) муносибати муқобилияти поёнӣ мавҷуд аст, ки мувофиқи ин муносибат муҳокимаҳои И ва О якбора дурӯғ намешаванд, вале онҳо якбора ҳақ шуда метавонанд.

Ин муносибатҳоро барои дурусттар фаҳмида гирифтан якчанд мавридҳои зеринро таҳлил мекунем:

Дар мавриди якум чунин муҳокимаҳоро дида мебароем:

  1. «Ҳамаи империалистҳо истисморкунандаанд» (Ин муҳокимаи А — ҳақ аст).

  2. «Баъзе империалистҳо истисморкунандаанд» (Ин муҳокимаи И — ҳақ аст).

  3. «Ҳеҷ як империалист истисморкунанда нест» (Ин муҳокимаи Е — дурӯғ аст).

  4. «Баъзе империалистҳо истисморкунанда нестанд» (Ин муҳокимаи О — дурӯғ аст).

Ба ҳамин тариқ, дар мавриди якум муҳокимаҳои А ҳақ, I ҳақ, Е дурӯғ ва О дурӯғ аст.

Ин гуна муносибатро бо расми зерин ишора менамоем:

А ҳақ дурӯғ Е
I ҳақ дурӯғ О

Дар мавриди дуюми чунин муҳокимаҳоро дида мебароем:

  1. «Ҳеҷ як давлати капиталистии барои манфиати меҳнаткашон хизмат намекунад» (Ин муҳокимаи Е ҳақ аст).
пешина
аз 192
навбатӣ