Зеҳн
Мантиқ

Китоби дарсии мазкур ба омӯзиши илми мантиқ ва масъалаҳои марбут ба он бахшида шудааст. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 192 саҳифа

ИлмТаҳсилот
Аз аввал хондан
  1. «Баъзе давлатҳои капиталистӣ барои манфиати меҳнаткашон хизмат намекунанд» (Ин муҳокимаи O ҳақ аст).

  2. «Ҳамаи давлатҳои капиталистӣ барои манфиати меҳнаткашон хизмат мекунанд» (Ин муҳокимаи A дурӯғ аст).

  3. «Баъзе давлатҳои капиталистӣ барои манфиати меҳнаткашон хизмат мекунанд» (Ин муҳокимаи I дурӯғ мебошад).

Ин муносибатро бо расми зерин нишон медиҳем:

Пас, дар мавриди дуюми муҳокимаи E ҳақ, O ҳақ, A дурӯғ ва I дурӯғ аст.

Дар мавриди сеюми муҳокимаҳои зеринро дида мебароем:

  1. «Баъзе давлатҳои Шарқ мамлакатҳои халқии демократӣ мебошанд» (Ин муҳокимаи I ҳақ аст).

  2. «Баъзе давлатҳои Шарқ мамлакатҳои халқии демократӣ нестанд» (Ин муҳокимаи O ҳақ аст).

  3. «Ҳамаи давлатҳои Шарқ мамлакатҳои халқии демократӣ мебошанд» (Ин муҳокимаи A дурӯғ мебошад).

  4. «Ҳеҷ як давлати Шарқ мамлакати халқии демократӣ намебошад» (Ин муҳокимаи E дурӯғ мебошад).

Ба ҳамин тариқ, дар мавриди сеюми муҳокимаи I ҳақ, O ҳақ, A дурӯғ ва E дурӯғ мебошад. Ин мавридро бо расми зерин нишон медиҳем:

Агар ба мо дурӯғ будани муҳокимаи A ё ҳақ будани муҳокимаи O маълум бошад, дар асоси ин ҳақ ва дурӯғ будани муҳокимаҳои дигарро муқаррар карда наметавонем, чунки агар муҳокимаи A ҳақ бошад, муҳокимаи E мувофиқи мавриди дуюҷм ҳақ аст ва мувофиқи мавриди сеюм дурӯғ мебошад. Мисли ҳамин, агар ҳақ будани муҳокимаи O маълум бошад, мо ба воситаи мантиқ ҳақ ва ё дурӯғ будани муҳокимаи I-ро муқаррар карда наметавонем, зеро муҳокимаи I дар он вақт мувофиқи мавриди дуюҷм дурӯғ ва дар мавриди сеюм ҳақ мешавад. Пас ин мавридҳоро якҷоя карда як мавриди номуайяниро пайдо мекунем, ки онро ин тавр ишора кардан мумкин аст:

пешина
аз 192
навбатӣ