Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

содиркунандаи Европа ва сохтори идоракунандаи ИИЕ ба миён овард.

Андоз, яке аз қисмҳои асосии иқтидори давлат ба шумор рафта, зиёда аз 90 фоизи захираҳои молиявии давлатҳои Европаро ташкил менамуд. Дар ин давра ҳиссаи андоз дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии (ММД) давлатҳои Европа ҳархела буда, ҳаҷми онро дар Испания 30,5%, дар Люксембург 46,5%, дар Дания то 51,4% ташкил менамуд.

Андозҳои бевосита низ дар Юнон ба андозаи 15,5%, Англия то 38,6% буданд, дар Испания 19,5%, дар Дания то 44,9% ташкил медоданд.

Чунин тафовути зиёд дар ситонидани андоз аз арзиши изофаи мол низ дида мешуд. Ҳаҷми он, агар дар Люксембург 10%-ро ташкил кунад, пас дар Юнон ва Дания 22%-ро ташкил менамуд.

Ин ҳолат роҳбарияти ИИЕ-ро водор намуд, ки намудҳои гуногуни андозситонии давлатҳои алоҳидаро бо ҳам мутобиқ намуда, меъёрҳои ситонидани андоз ва сиёсати ягонаи андозситониро дар Европа кор карда барояд. Дар баробари ин давлатҳои аъзои ИИЕ ҳуқуқи мустақилона муайян намудани механизми андозситониро дар робитаҳои дарозмуҳлати иқтисодӣ бо давлатҳои алоҳида низ пайдо намуданд. Ин робитаҳои иқтисодӣ дар асоси принсипҳои дар боло зикргардида, агар аз як тараф, барои равнақу ривоҷи иқтисодиёти ин давлатҳо равона шуда бошанд, аз тарафи дигар, набояд ба зарари кулли давлатҳои аъзои ИИЕ равона карда мешуданд.

Дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани сиёсати ягонаи андозситонӣ ҳиссаи даромади буҷети давлат аз маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳисоби миёна дар Иттиҳоди Европа дар соли 1958 32,9%, соли 1980 то 44,6% зиёд шуд.

Бояд зикр намуд, ки агар солҳои аввали бунёди ИИЕ буҷети он бештар аз ҳисоби ҳиссагузории давлатҳои аъзои иттиҳод пурра карда мешуд, пас аз солҳои 70-ум сар карда, дар асоси қонунҳои тасдиқшудаи ИИЕ қисмати даромади он бештар аз ҳисоби захираҳои хусусии дар шакли андозҳои гумрукӣ аз молҳои воридотии саноатӣ ва молҳои кишоварзии аз мамлакатҳои сеюм ба

пешина
аз 785
навбатӣ