Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Европа воридшуда, инчунин аз ҳисоби андоз аз арзиши изофаи молҳои саноатии истеҳсоли давлатҳои аъзои иттиҳод ва дигар давлатҳои Европа пурра карда мешуд.
Аз соли 1970 сар карда, ҳар сол ҳиссаи муайяни андоз аз арзиши аслии мол, ки давлатҳои аъзои иттиҳод ба буҷети ИИЕ бояд интиқол медоданд, муайян карда мешуд. Дар асоси қонунҳои қабулгардида ҳиссаи ИИЕ аз кулли андозҳои ситонидашуда на камтар аз як фоизро бояд ташкил менамуд.
Ҳамин тариқ, дар давраи якуми раванди ҳамгироии "сохтмони Европа" дар асоси амалӣ сохтани нуктаҳои дар боло зикргардида иттиҳоди гумрукии давлатҳои ИИЕ-ро бунёд намуда, тамоми монеаҳои садди роҳи муносибатҳои иқтисодӣ қарордоштаро аз байн бардоштанд. Дар ин давра тарифҳои ягонаи гумрукии ИИЕ нисбат ба давлатҳои сеюм муайян ва тасдиқ карда шуда, шароит барои ворид намудани сармоягузорӣ, кредит, интиқоли пул ва ҳаракати озоди қувваи корӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои ИИЕ таъмин карда шуд.
Дар баробари ин барои тайёр намудани барномаҳои комплексии пешрафти иқтисодии давлатҳои Европа ва бо ҳам мутобиқ сохтани системи андоз корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд.
Зимни бунёди ИИЕ дар ин солҳо як қисми дигари давлатҳои Европа ба муқобили ҳамгироии пурра изҳори ақида намуда, дар асоси нарияҳои пешқадами он замон роҳи бунёди минтақаи озоди иқтисодиро пеш гирифта буданд. Дар асоси бунёди минтақаи озоди иқтисодӣ онҳо тамоми монеаҳоро дар ҳудуди ин минтақа аз роҳи ҳаракати мол бардошта, дар сарҳадҳои давлат ҷорӣ намудани системаи бочу хироҷситонӣ ва тарифҳои гумрукиро раво медонистанд. Чунин шарту шароит барои ҳар як иштирокчии минтақаи озоди иқтисодӣ дар он замон аз тиҷорати озоди мол даромади соф оварда, мустақилияти давлатҳои аъзои иттиҳодро дар ҳалли масъалаҳои дохилӣ, робитаҳои иқтисодии хориҷӣ бо дигар давлатҳо таъмин менамуд. Чунин сохтори ҳамгироиро бештар роҳбарияти Британияи Кабир тарафдорӣ менамуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё