Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

дар мубодилаи мол нисбат ба якдигар истифода мебурданд, паст фароварда, баъдтар соли 1968 онҳоро тамоман аз байн бардошт.

Дар давоми даҳсолаи аввал ИИЕ таҳким ёфта, барои ҳарчи зудтар амалӣ намудани мақсади худ оид ба бунёди бозори умумӣ Иттиҳодияҳои европоии ангишту пӯлод ва истифодаи қувваи атомро зери назорати худ гирифт.

Фароҳам овардани шароите, ки дар боло зикр шуд, суръати гардиши молро дар байни давлатҳои Европа афзун намуда, ба ривоҷ ёфтани саноати вазнин, сабук ва хӯрокворӣ мусоидат кард. Тоҷирони Европа роҳҳои баҳрӣ ва роҳҳои оҳанро истифода бурда, аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ашёи хом ва молҳои ниёзи мардумро ба бозори давлатҳои Европа ворид менамуданд.

Сиёсати тиҷорати озод ва фароҳам овардани молҳои хӯрокворӣ дар мағозаҳои ИИЕ оҳиста-оҳиста ба паст фаромадани ҳосилнокии меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ оварда расонд. Чунин ҳолат роҳбарияти ИИЕ-ро водор намуд, ки соли 1962 сиёсати ягонаи аграрии давлатиро кор карда барояд. Дар ниҳояти кор ин сиёсат яке аз унсурҳои асосии сиёсати Иттиҳодияи Европа гардид.

Сиёсати аграрӣ дар мадди аввал ба баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнати фермерҳо, таъмини сатҳи баланди зиндагии истеҳсолкунандагони мол ва маҳсулоти кишоварзӣ, таъмин намудани устувории бозори фурӯш, ба роҳ мондани таъминоти пай дар паи аҳолӣ бо маводи хӯрока ва ноил шудан ба нархҳои мӯътадили фурӯш равона шуда буд.

Барои амалӣ кардани мақсадҳои бамиёнгузошта ва ҳифзи соҳаи кишоварзӣ аз рақобати истеҳсолкунандагони хориҷӣ дар тамоми қаламрави давлатҳои ИИЕ ба воридоти мол андозҳои гумрукӣ ҷорӣ карда шуданд. Аз тарафи дигар, қисми зиёди буҷети ИИЕ бо тариқи субсидия (кӯмаки молиявӣ) барои дастгирии фермерҳо ва таъмин намудани коҳиши арзиши пасти молҳои истеъмолӣ равона карда шуд.

Зиёд шудани содироти маҳсулот ва молҳои истеъмолӣ аз қаламрави давлатҳои Европа масъалаи ҳал намудани механизми ситонидани андоз ва тақсимоти онро байни давлатҳои

пешина
аз 785
навбатӣ