Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мувофиқи ақидаи иқтисодчиёни англис бунёди тарифҳои ягонаи гумрукӣ танҳо дар марзҳои давлатҳои иттиҳод, агар аз як тараф сабабгори равнақу ривоҷ ёфтани ҳамкории иқтисодии давлатҳо шуда бошад, аз тарафи дигар сабабгори маҳдуд намудани мустақилияти давлатҳои аъзои иттифоқ мегардад.

Дар асоси ин назария, моҳи майи соли 1960 бо имзои Созишномаи Стокголм Ассотсиатсияи европоии тиҷорати озод (АЕТО) бунёд карда шуд, ки ба ҳайати он Австрия, Дания, Норвегия, Португалия, Шветсия, Швейтсария, Англия ва баъдтар Исландия ва Финляндия дохил шуданд. Ин созмон 40 млн. аҳолии ин давлатҳоро дар бар мегирифт.

Сабаби асосии бунёди ин созмон бештар дар он буд, ки роҳбарияти давлатҳои аъзои АЕТО аз раванди ҳамгироии давлатҳои Европа ва муваффақиятҳои дар солҳои аввал бадастовардаи онҳо ҳаросида, бар хилофи назарияи ҳамгироии пурра, ки ИИЕ дар асоси он бунёд гардида буд, роҳи муттаҳидшавии махсуси худро пеш гирифтанд. Гап дар сари он буд, ки давлатҳои аъзои АЕТО дар ин давра вобаста ба мавқеи ҷойгиршавиашон, дараҷаи баланди тараққиёти истеҳсолоташон ва муваффақиятҳои дар соҳаи молия, бонк ва тиҷорати байнамилалӣ бадаствардаашон аз якдигар хеле фарқ мекарданд ва барои дохил шудан ба ИИЕ эҳтиёҷ надоштанд. Дар баробари ин давлатҳои аъзои АЕТО хусусиятҳои хоси худро низ доштанд. Робитаҳои иқтисодии хориҷии Англия бештар бо давлатҳои аъзои иттиҳоди худ, ки дар сиёсат ва иқтисодиёти он мамлакатҳо таъсири Англия бузург буд, бо давлатҳои аъзои иттиҳоди миллатҳои Британияи Кабир дуруст ба роҳ монда шуда буд, ки дар натиҷаи он давлатҳои аъзои ин иттиҳод ба бозори нав эҳтиёҷ надоштанд.

Дар ин солҳо Австрия, Шветсия ва Швейтсария бошанд, мувофиқи талаботи конститутсияи амалкунандаи давлатҳои худ сиёсати бетарафиро пеш гирифта, ба касе роҳ намедоданд, ки ба иқтисодиёти кишварашон дахолат намояд.

Бинобар ин, давлатҳои аъзои АЕТО ба иҷро намудани талаботи ИИЕ оид ба мутобиқкунонии сиёсати давлатҳои худ дар

пешина
аз 785
навбатӣ