Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
соҳаҳои иҷтимоиёт ва иқтисодиёт тайёр набудани худро баҳона менамуданд.
Дар давраи аввали бунёди АЕТО робитаҳои иқтисодии хориҷии давлатҳои аъзои ин созмон бештар байни худ ба роҳ монда мешуданд, аммо баъдтар баробари тараққӣ ёфтани ИИЕ ва қудратнокшавии он, давлатҳои аъзои АЕТО сиёсати худро дигар накарда робитаҳои иқтисодии хориҷии худро бо давлатҳои аъзои ИИЕ то андозае вусъат доданд, вале маҳдуд будани тиҷорати хориҷӣ дар ҳудуди АЕТО оҳиста-оҳиста ба сустшавии тараққиёти истеҳсолот дар ин созмон оварда мерасонд.
Соли 1975 Австрия робитаи худро бо АЕТО наканда, расман ба ҳайати ИИЕ дохил шуд ва ба иштироки фаъолона дар раванди ҳамгироии Европа оғоз кард.
Таҷрибаи яксолаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Австрияро шаш давлати дигари аъзои АЕТО омӯхта, хоҳиши ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии хориҷии худро бо давлатҳои аъзои ИИЕ изҳор намуданд.
Соли 1976 байни АЕТО ва ИИЕ созишнома дар бораи тиҷорати озод ба имзо расид, ки он ба васеъшавии бозори Европа ва қудратмандшавии ИИЕ мусоидат намуд.
Бояд таъкид намуд, ки дар созишнома бештар ба масъалаҳои муҳиме, ки тиҷорати озодро бо давлатҳои аъзои ИИЕ мустаҳкам мекарданд, эътибор дода мешуд. Давлатҳои аъзои АЕТО аз иштирок дар барномаҳои сермасрафи таъминоти иҷтимоӣ ва тараққиёти соҳаи кишоварзии давлатҳои Европа пурра даст кашида, ҳалли тараққиёти ин соҳаро дар мамлакатҳои худ бе даҳолати мамлакатҳои дигар медиданд.
Роҳбарияти ИИЕ бо мақсади васеъ намудани бозори дохилии
худ ба шарту шароити давлатҳои АЕТО розӣ шуда, ба ҳамаи
давлатҳои аъзои ИИЕ иҷозати ба давлатҳои АЕТО бевосита тиҷорат
карданро дод. Дар натиҷа онҳо дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ дар соҳаи
савдо ҳарифони асосии давлатҳои ИИЕ шуданд. Зиёда аз 60% молҳои
хориҷӣ ба марзи давлатҳои АЕТО аз давлатҳои ИИЕ ворид карда
мешуданд. Татбиқи созишномаи зикршуда як саҳифаи наверо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё