Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
ҳамгироии давлатҳои минтақаи Европа боз намуда, ба пешрафти тараққиёти Европа дар ҷаҳон суръат бахшид ва барои гузаштан ба зинаҳои нави ҳамгироӣ замина гузошт.
Вусъат ёфтани робитаҳои мутақобилан муфиди солҳои 1987-1988 роҳбарияти давлатҳои аъзои АЕТО-ро водор намуд, ки барои аз нав дида баромадани муносибатҳои иқтисодӣ ва сиёсии худ ба роҳбарияти ИИЕ муроҷиат намояд.
Дар натиҷаи гуфтушунидҳои тӯлонии байни ин ду иттиҳоди европоӣ созишнома дар бораи бунёди "Минтақаи ягонаи иқтисодии Европа" ба имзо расид.
Бунёди ин созмон қадами бузурге дар раванди ҳамгироии давлатҳои Европа ба шумор мерафт. Апрели соли 1989 роҳбарияти Иттиҳоди Европа оид ба бунёди кумитаи махсус таҳти сарварии президенти собиқи Иттиҳоди Европа ҷаноби Жак Делор доир ба таҳияи барномаи махсуси Иттиҳоди иқтисодӣ ва асъорӣ қарори махсусе қабул намуд.
Барои ҳарчи зудтар амалӣ шудани ин барнома кумитаи таъсисдодашуда дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ бояд ихтилофоти мавҷудаеро, ки ба суръат гирифтани равандҳои ҳамгироӣ халал мерасонданд, рафъ менамуд.
Дар рафти ташаккули Иттиҳоди Европа душвории асосӣ дар соҳаи нақлиёт ва андозситонӣ мушоҳида карда мешуд.
Соли 1968 тамоми давлатҳои Европа аз ситонидани андоз аз автомошинаҳо даст кашида бошанд ҳам, тартиби бюрократии назорати наздисарҳадӣ боқӣ монда буд, ки он аз ҳар ронанда зиёда аз 35 варақ ҳуҷҷатҳои гуногунро талаб менамуд. Мувофиқи тадқиқоти олимон ҷамъи маблағи масрафи ҳуҷҷатҳои номбурда соли 1987 шаш миллиард доллари амрикоиро ташкил медод.
Масъалаи дигаре, ки ҳалли ҳарчи зудтарро талаб менамуд, ситонидани андоз аз арзиши изофаи молҳо ба шумор мерафт. Бояд зикр намуд, ки қисми асосии даромади ИИЕ ва 40 фоизи даромади Франсияро андоз аз арзиши изофаи молҳо ташкил менамуд. Ҳаҷми арзиши изофа баъд аз ихтисор намудани тамоми хароҷот аз нархи фурӯши мол муайян карда мешуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё