Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Дар баробари ин андозҳое, ки бештар аз номгӯи молҳо вобастагӣ доштанд, дар давлатҳои алоҳидаи Европа бо меъёрҳои гуногун ситонида мешуданд.
Масалан, агар фоизи андоз аз арзиши изофаи мол дар Нидерландия дар ҳаҷми 38% ситонида шавад, дар Дания - 22% ва дар Испания ва Люксембург - 12 фоизро ташкил менамуд.
Чунин ихтилофот дар масъалаҳои ситонидани аксизҳо аз нӯшокиҳои спиртӣ ва тамоку низ ба мушоҳида мерасид.
Бо пешниҳоди президенти комиссияи Иттиҳодии Европа ҷаноби Жак Делор ва Вазири молияи Франция барои аз байн бардоштани тамоми ихтилофоте, ки барои пурра "озод" намудани масъалаҳои иқтисодии Европа халал мерасонанд, қарори махсусе қабул карда шуд.
Тибқи ин қарор аз тарафи лорд Кокфилд зиёда аз 300 пешниҳод барои қабул намудани қарори махсус ирсол шуданд.
Соли 1990 Комиссияи Иттиҳоди Европа ин пешниҳодҳоро дида баромада, 164-тои онро қабул намуд ва барои амалӣ намудани онҳо қарорҳои махсуси дахлдор қабул кард.
Пешниҳодҳои лорд Кокфилд, ки асоси қисми таркибии Китоби Сафеди Европа гардиданд, дар маҷмӯъ аз чунин категорияҳои иқтисодӣ иборатанд:
• назорат ва ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои мол дар сарҳадҳои миллӣ;
• таъмини ҳаракати озоди мардум барои ҷустуҷӯи кори ба худ муносиб ва истиқомати доимӣ дар ҳудуди кулли давлатҳои аъзои иттиҳод;
• ҳамоҳангсозии стандартҳо ва меъёрҳои техникӣ;
• пурра кушодани бозорҳои истеъмолӣ;
• озод намудани хизматрасонии молиявӣ;
• тадриҷан озод намудани бозори хизмати иттилоотӣ;
• озод намудани хизматрасонии нақлиёт;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё