Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
• фароҳам овардани шароити зарурӣ барои ҳамкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолот (аз ҷумла тасдиқи қонунҳо оид ба ширкатҳо, ҳимояи моликияти зеҳнӣ ва молу мулк);
• аз байн бардоштани масъалаҳои молиявӣ - аз ҳад зиёд ситонидани андоз ва тарифҳои гумрукӣ.
Баъди тасдиқ шудани қисми зиёди пешниҳодҳо аз тарафи парламенти Иттиҳоди Аврупо дар Аврупо кулли проблемаҳои ҷойдошта қариб ба пуррагӣ аз байн бардошта шуданд.
Чунин масъалаҳои муҳими ҳалталаб, ба мисли проблемаҳои дар сарҳад ҷойдошта дар натиҷаи бастани созишномаҳои дуҷониба пурра аз байн бардошта шуданд.
Дар масъалаҳои душвори андозситонӣ низ меъёрҳои мувофиқи лозимӣ тасдиқ гардиданд. Дар асоси пешниҳоди Иттиҳоди Аврупо андоз аз арзиши изофаи мол дар ҳаҷми 14-20% ва молу хизматрасонии ниёзи мардум 4-9% муайян карда шуд.
Дар оянда ҳар давлат вобаста ба вазъи иқтисодии худ меъёрҳои андозситонии худро дар ҳаҷми фоизҳои дар боло овардашуда муайян карда метавонад.
Моҳи декабри соли 1991 дар доираи вохӯрии сарварони 12 давлат ва ҳукуматҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, ки дар шаҳри Маастрихт (Голландия) баргузор гардида буд, қарори махсусе қабул шуд, ки дар асоси он дар оянда ба раванди ҳамгироӣ эътибори махсус дода, бебозгаштии онро боз як бори дигар тасдиқ намуданд.
Дар ин ҷаласа қарор қабул карда шуд, ки дар асоси он Ҷамъияти Аврупо - Иттиҳоди Аврупо, ки дар низомномаи он шаклҳои нави ҳамкорӣ пешбинӣ карда шудааст, бунёд карда мешавад.
Ҳамин тариқ, аз 1 январи соли 1993 муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодии давлатҳои Аврупо на дар асоси созишномае, ки соли 1957 ба имзо расида буд, балки дар асоси созишнома оид ба бунёди Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда мешуданд.
Дар асоси созишномаи нави бунёди иттиҳод чунин пешбинӣ шуда буд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё