Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Шаҳрвандии ягонаи умумиевропоӣ. Дар асоси ин банди созишнома ҳар як шаҳрванди мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Европа ба ҳуқуқи шаҳрванди Иттиҳоди Европа соҳиб мешавад ва ҳар як шаҳрванди Иттиҳоди Европа ҳуқуқ дорад дар қаламрави тамоми давлатҳои аъзои иттиҳод озодона ҳаракат намояд, дар интихобот иштирок кунад ва номдиашро барои вакил интихоб шудан дар мамлакати худ пешниҳод намояд. Дар ҳолати берун аз марзи Иттиҳоди Европа қарор доштан ба ҳуқуқи аз тамоми имтиёзҳои дипломатӣ ва консулии кулли давлатҳои Европа истифода бурданро низ соҳибанд. Онҳо ҳатто ҳуқуқ доранд, ки шахсан ба парламенти ИЕ муроҷиат намоянд.

  2. Иттиҳоди иқтисодӣ ва асъорӣ. Самти асосии сиёсати иқтисодии давлатҳои аъзои иттиҳод ва худи ҷамъият аз тарафи шӯрои вазирон муайян карда мешавад. Дар ҳолатҳои мувофиқ наомадани сиёсати иқтисодии яке аз мамлакатҳои аъзои иттиҳод ба самти асосии аз тарафи шӯрои вазирон тасдиқшуда ва дар ҳолатҳое, ки он самт ба анҷом додани фаъолияти мӯътадили иқтисодӣ ва асъории иттиҳод халал мерасонад, шӯрои вазирон ҳуқуқи андешидани чораҳои амалиро дорад.

Дар рафти фаъолияти бунёди иттиҳоди асъории европоӣ Иттиҳоди Европа ба нақша гирифта буд, ки аз 1 январи соли 1999 сиёсати ягонаи пулию кредитиро ба роҳ мемонад. Қарор қабул шуд, ки дар баробари ворид намудани асъори ягонаи европоӣ сохтори бонки марказии европоиро ба анҷом мерасонанд.

  1. Иттиҳоди сиёсӣ.

Иттиҳоди сиёсӣ бо мақсадҳои зайл бунёд карда мешавад:
• ба роҳ мондани сиёсати ягона дар соҳаи корҳои хориҷӣ ва амният. Барои амалӣ шудани ин мақсад сиёсати муҳофизати умумӣ кор карда баромада мешавад, ки он масъалаҳои конфренсияи амният ва ҳамкории Европа, масъалаҳои ҳалъи силоҳ ва назорати мусаллаҳшавӣ дар Европа, пешгирӣ намудани паҳншавии яроқи ядроӣ ва амнияти иқтисодиро дар бар мегирад;

пешина
аз 785
навбатӣ