Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

• баланд бардоштани мақоми Парламенти Европа;
• васеъ намудани ҳуқуқ ва ваколатҳои ҷамъият;
• ба роҳ мондани сиёсати ягона дар соҳаи корҳои дохилӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои додани паноҳгоҳ, муҳоҷират ва низоми визавӣ.
4. Дастгирӣ намудани принсипҳои баробарии сатҳи зиндагӣ. Барои амалӣ намудани ин мақсад ба тариқи марказонидашуда то ҳадди ақал баробар намудани тафовут байни минтақаҳои бой ва камбизоат тадбирҳо андешида мешаванд.
Дар баробари нақшаҳои стратегии дар боло зикрёфта санадҳои ҳуқуқӣ, қонунӣ ва қарордодҳои махсусе тасдиқ карда шуданд, ки фаъолияти ширкатҳо, сохторҳои стандартизатсия, андозситонӣ, нақлиёт ва ғайраро ҳамоҳанг месозанд.
Ҳамоҳангсозии стандартҳои молҳои гуногун, аз ҷумла таъмини меъёрҳои экологии маводи хӯрока, таъмини қоидаҳои бехатарии истеҳсолот, ки ба ҳимояи кормандон ва истеъмолгарон равона карда шудааст, садди роҳи вайронкуниҳо дар рақобати озоди мол, хизматрасонӣ ва сармоягузориҳо мегардад.
Созишномаи Маастрихт роҳи хеле тӯлонӣ, вазнин ва пур аз зиддиятҳои давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европаро тай намудааст. Моҳи декабри 1991 бо имзои ин созишнома давраи тӯлонӣ - 40 соли муттаҳидшавӣ (раванди ҳамгирой) ба анҷом расид. Созишномаи таҳияшуда дар ҷараёни доир намудани раъйпурсӣ дар Франция бо сабабҳои дар вақташ аз тарафи Иттиҳоди Европа дастгирӣ нагардидани барномаи аграрӣ умуман ягон тарафдор пайдо накард ва пурра рад карда шуда буд. Аз аҳолии Дания бошад, баъд аз гузаронидани раъйпурсии дубора бо гузаштҳои зиёде барои халқи Дания ҳадди ақали овозҳоро ба даст оварданд.
Сохторҳои қонунгузории Германия ва Англия ин созишномаро баъд аз баҳсу мунозираҳои шадид ба душворӣ тасдиқ намуданд. Дар рафти гузаронидани раъйпурсӣ маълум гардид, ки дар сохтори Иттиҳоди Европа се навъ камбудии муҳиме ҷой дорад, ки бе бартараф намудани онҳо пурра амалӣ шудани ин созишнома амри маҳол аст.

пешина
аз 785
навбатӣ