Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
-
Раъйпурсӣ нишон дод, ки бо вуҷуди муваффақиятҳои бадастомада раванди ҳамгироӣ дар Европа хеле вазнин ва мураккаб ҷараён дошт.
-
Дар ҳолатҳои ба бозори молиявӣ дахолат намудан маълум гашт, ки дар барномаи сиёсии ин иттиҳод, ки асосан мақсади бунёди Иттиҳоди молиявию иқтисодиро дошт, камбудиҳои зиёде вуҷуд доштааст.
-
Раъйпурсӣ ба таври возеҳ нишон дод, ки дар байни давлатҳои асосии аъзои Иттиҳод, ба монанди Британияи Кабир, Франсия, Германия ва Италия, ки онҳо ҳамзамон аъзои давлатҳои ҳаштгонаи аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи ҷаҳон ба шумори мераванд, зиддиятҳо ва мухолифатҳои назаррас ҷой доштааст.
Бо вуҷуди ин ҳама зиддият ва мухолифатҳои ҷойдошта кишварҳои Европеи Ғарбӣ бо имзо намудани созишномаи зикршуда қадамҳои устувор ба сӯйи ҳамгироии иқтисодӣ ва сиёсӣ гузоштанд.
Имзошавии Созишномаи Маастрихт ҳақиқати воқеии конференсияи давлатҳои Европаи Ғарбиро ба ҷаҳони пур аз зиддият боз як бори дигар нишон дод, ки бидуни сохторҳои гуногуни давлатӣ, урфу одат, забон дар фазои ягонаи европоӣ муттаҳид шудан мумкин будааст. Тамоми дунё аз муваффақиятҳои Иттиҳоди Европа бохабар шуд.
Ҳамин тариқ, Иттиҳоди Европа бо парламент ва ҳукумати ягонаи худ бунёд гардид, ки дар асоси барномаи тасдиқгардидаи худ дар тамоми қаламрави Европа сиёсати ягонаи иқтисодиро ба роҳ монд. Ин иттиҳод 350 млн. аҳолии давлатҳои Европоро муттаҳид намуда, бозори бузургтарини ҷаҳонро ба вуҷуд овард.
Мувофиқи барномаи пешбинишуда 1 январи соли 1999 Иттиҳоди Аврупо дар тамоми қаламрави Аврупо асъори нави ягонаи давлатҳои иттиҳод - ЕВРО-ро ба муомилот баровард. Ин ҳодиса иқтисодиёти тамоми мамлакатҳои ҷаҳонро ба ларза овард. Дар тамоми биржаҳои асъори ҷаҳон ҷунбишҳои шадиде ба амал омадан гирифтанд. Баъд аз даҳ рӯзи ба муомилот баромадани евро тамоми бонкҳои ҷаҳон аз паси ҳарчи бештар харидани коғазҳои бонкии евро шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё