Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

тезонидани татбиқи барномаҳои банақшагирифташуда аз моҳи августи соли 1995 Бюрои ҳамоҳангсозии барномаи TACIS-ро дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуд. Мақсади асосии Бюрои ҳамоҳангсозии барномаи TACIS - ин ба ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани кӯмакҳои машваратӣ барои бароҳмонии корҳои идора кардан ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти ҷумҳурӣ иборат буд.

Бюрои ҳамоҳангсозӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон се лоиҳаи таҷрибавӣ барои самтҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки қимати омода сохтани онҳо 1,5 млн ЭКЮ-ро ташкил менамуд, тайёр намуданд. Мақсад аз омода намудани чунин лоиҳаҳо дар он буд, ки дар асоси онҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонист дар ҳаҷмҳои муайяншуда барои таъмини пешрафти соҳаҳои интихобшудаи кишоварзӣ аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ сармояи хориҷиро ҷалб намояд. Дар асоси барномаи дуюм, ки он соҳаи энергетикаро дар бар мегирифт, тадқиқоти сектори энергетикии ҷумҳурӣ аз моҳи декабри соли 1995 шурӯъ шуд. Дар доираи ин лоиҳа соли 1996 корҳои зерин ба анҷом расонида шуда буданд:

• маълумот дар бораи захира ва истеҳсоли нафту газ;

• таҳлили маълумоти гидрологӣ оид ба дарёҳои Тоҷикистон ва нерӯгоҳҳои барқӣ бо иқтидори зиёда аз 30 МВТ;

• таҳлили иттилоот оид ба манбаъҳои геотермалии Тоҷикистон;

• дида баромадани захираҳои ангиштсанг ва вазъияти саноати истихроҷи ангиштсанг.

Арзиши лоиҳа дар ҳаҷми 1 млн ЭКЮ муайян карда шуд.

Дар асоси барномаи сеюм, ки он соҳаи маорифро дар бар мегирифт, кор дар ду самт ба роҳ монда шуда буд. Мувофиқи лоиҳаи аввал дар Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ва мувофиқи лоиҳаи дуюм дар маркази соҳибкорӣ ва менеҷменти шаҳри Хуҷанд бунёди марказҳои тайёр намудани омӯзгорон барои таълими донишҷӯёни донишкадаҳои иқтисодӣ ва ду синфхонаи бо компютерҳои замонавӣ таҷҳизонидашуда дар ҳаҷми 120 ҳазор ЭКЮ пешбинӣ шуда буд.

пешина
аз 785
навбатӣ