Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бо истифода аз Бюрои ҳамоҳангсозӣ Иттиҳоди Аврупо барои бароҳмонии ҳамкории байни ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва Авруро барномаи "ЛИЕН" тасдиқ карда шуд. Дар доираи ин барнома ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар давоми сол метавонистанд аз ин созмон дар ҳаҷми то 200 ҳазор ЭКЮ барои расонидани кӯмак ба табақаи камбизоати аҳолӣ маблағ гиранд.

Дар баробари гуфтаҳои боло Иттиҳоди Аврупо дар асоси Барномаи кӯмакии озуқавории Иттиҳоди Аврупо барои Кавказ ва Осиёи Миёна соли 1994 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 50 ҳазор тонна орд фиристод.

Аввалин сафари ҳайати олирутбаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи муовини аввали Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев 31 октябри соли 1995 ба кишвари Белгия, ки имрӯзҳо ба ҳайси маркази тамоми давлатҳои Аврупо қабул шудааст, баргузор гардид. Баъд аз вохӯриҳои муфиди дуҷониба бо роҳбарияти олимақоми Иттиҳоди Аврупо маротибаи дуюм дар асоси Меморандуми байни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасида, 47500 тонна орд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шуд.

Дар баробари бароҳмонии ҳамкорӣ бо Иттиҳоди Аврупо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 инҷониб ба бароҳмонии робитаҳои иқтисодии хориҷии бевоситаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои аъзои ин созмон шурӯъ намуд.

4.3.2. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Руминия

20 июли соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин ҳайати ҳукуматии Руминияро қабул намуд. Дар рафти шиносӣ бо корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон ва вохӯриҳои дуҷониба ҳайати ҳукуматии Руминия вобаста ба мавҷудияти корхонаҳои азими истеҳсолӣ майли бо Тоҷикистон ҳамкорӣ намуданро изҳор намуд. Бо молҳои саноати вазнин, коркарди чӯб, пойафзол, либоси тайёри худ Руминия дар Тоҷикистон хеле машҳур буд. Солҳои шӯравӣ аз Руминия ба Тоҷикистон бо миқдори зиёд молҳои номбурда ворид карда мешуданд. Муносибатҳои деринаи дуҷонибаро ба назар

пешина
аз 785
навбатӣ