Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

гирифта, тарафҳо бо мақсади дар оянда вусъат додани муносибатҳои дуҷониба дар рафти ин сафар Созишномаи ҳамкории робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ ба имзо расид.

4.3.3. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Венгрия 2 июли соли 1992 Ҷумҳурии Венгрия соҳибистиқлолии Тоҷикистонро шинохта, бо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Венгрия ба туфайли Иттиҳоди Шӯравӣ таърихи зиёда аз 50 сола доранд. Ба тоҷикистониён маҳсулоти саноати ин кишвар, саноати сабук (мебел, пойафзол, маҳсулоти дӯзандагӣ, асбобҳои барқӣ, консерваҳо), саноати доруворӣ ва ғайраи Венгрия, ки дорои сифати баланд мебошанд, шинос аст. Ба ивази нахи пахта, матоъҳои абрешимӣ, пилла бо тариқи марказонидашуда ба Тоҷикистон ба миқдори зиёд маҳсулоти Венгрия ворид карда мешуд. Моҳи сентябри соли 1993 бо мақсади ба роҳ мондани муносибатҳои бевоситаи дуҷониба дар шаҳри Москва Созишнома байниҳукуматии Венгрия ва Тоҷикистон оид ба робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расид. Соли 1995 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагии тиҷоратию иқтисодии худро дар шаҳри Будапешт ифтитоҳ намуд. Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистон-Венгрия-Кипр бо номи "Кавсар" бомуваффақият фаъолият менамояд.

4.3.4. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Чехия Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Чехия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосае зоҳир менамуд. Солҳои 1993-1994 якчанд ҳайатҳои расмии ҳукуматӣ ва кории вазорату корхонаҳои ин кишвар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф намуданд.

11 феврали соли 1994 Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ дар рафти сафари кориаш ба Чехия аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаҳои зеринро ба имзо расонд:

пешина
аз 785
навбатӣ