Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Чехия дар бораи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории илмию техникӣ;
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Чехия дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ.
Созишномаҳои номбурда барои вусъат додани муносибатҳои дуҷонибаи байни корхонаҳо ва ташкилотҳои ин ду давлат замина гузоштанд. Дар асоси ин созишномаҳо аз соли 1993 инҷониб дар Прага намояндагии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон фаъолият менамояд. Имрӯзҳо дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд якчанд марказҳои тиҷоратии бо молҳои истеҳсоли Чехия махсусгардонидашуда (қандил, масолеҳи сохтмонӣ, лавозимоти хатнависӣ) фаъолият менамоянд. Бо шарофати намояндагии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон дар Прага дар барномаи ҳамкории Бонки Европоии Рушд ва Инкишоф лоиҳаи бунёди корхонаи муштараки истеҳсоли "Оби зулол" дар Истаравшан ба фаъолият оғоз намуд.
Аз соли 1995 инҷониб дар ноҳияи Ҳисор корхонаи муштараки Тоҷикистону Чехия оид ба истеҳсоли насосҳои амиқ фаъолият менамояд.
10 апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов бо мақсади иштирок дар кори Форуми 8-уми иқтисодии Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Европа ба Прага ташриф овард. Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳавасмандии дуҷониба дар рушди муносибатҳои мутақобилаи хоҷагӣ, ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарламентӣ, ҷараёни омӯзиши мутақобилаи таҷрибаи фаъолияти институтҳои демократии ҷомеа изҳор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов таъкид намуд, ки "Тоҷикистон дарвозаи ҷануби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Европа ба ҳисоб рафта, дар рушди ҳамкории иқтисодӣ бо кишварҳои Европа, аз ҷумла Чехия, дар заминаи мутақобилан судманд ва баробарҳуқуқ ҳавасманд мебошад ва барои ин ҳамкориҳо тамоми шароитҳо дар Тоҷикистон муҳайё мебошанд".

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё