Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ин ду кишвар таърихи тӯлониро дар бар мегиранд. Ҳанӯз дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз Чехословакия ба Тоҷикистон заводҳои муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳои кимиёвӣ барои соҳаи кишоварзӣ, озмоишгоҳҳо оид ба парвариши эмбрион, таҷҳизоти ҳисоббарор, мошинҳои чопу нашр интиқол дода шуда, садҳо нафар мутахассисони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дар таълимгоҳҳои Чехословакия ихтисоси худро такмил доданд. Дар тӯли солҳои ҳамкорӣ бисёр ташкилоту ширкатҳои Тоҷикистон бо корхонаю ширкатҳои Чехия ҳамкориҳои бевосита ба роҳ монданд. Ҳаҷми мубодилаи моли байни Тоҷикистону Чехия 4,5 млн. доллари ШМА-ро ташкил менамояд. Бо иштироки бонк ва ширкатҳои Чехия барномаҳои Бонки Европоии Таҷдиду Инкишоф дар Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
Раиси Парламенти Чехия Ватслав Клаус иттилоотро оид ба тағйироти зиёди мусбӣ, ки дар Тоҷикистон дар бахши рушди сиёсӣ ва иқтисодӣ ҷараён доранд, арзёбӣ намуд.
4.3.5. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Словакия
14 феврали соли 1994 дар рафти сафари кории худ ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии ҷумҳурӣ барои барқарор намудани робитаҳои бевоситаи иқтисодӣ ба шаҳри Братиславаи Ҷумҳурии Словакия омад. Баъд аз якчанд вохӯриҳои расмии ҳукуматӣ ду ҳуҷҷати байнидавлатӣ ба имзо расид:
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Словакия дар бораи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкории илмию техникӣ;
Созишномаи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Словакия дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ.
Дар асоси созишномаҳои баимзорасида ба якдигар фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ муомилоти молии байни ин ду давлат сол аз сол рӯ ба афзоиш дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё