Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия аз соли 1995 то соли 2000 дар ҷадвали №8 оварда шудааст.
Ҷадвали №8
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словакия
(ҳазор доллар)
| с.1995 | с.1996 | с.1997 | с.1998 | с.1999 | с.2000 | |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Муомилоти савдои хориҷӣ | 1780,2 | 4288,3 | 2177,5 | 4846,2 | 6401,3 | 9881,4 |
| Содирот | 1265,2 | 3795,0 | 882,4 | 4207,8 | 6350,1 | 9881,4 |
| Воридот | 515,0 | 493,3 | 1295,1 | 638,4 | 51,2 | 0 |
4.3.6. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Австрия
Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Австрия таърихи зиёда аз 30-сола дорад. Аввали солҳои 70-ум байни шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурти Австрия робитаҳои мустаҳкам барқарор гардида, ин ду шаҳр бародаршаҳр гардида буданд. Дар заминаи ин робитаҳо зиёда аз 20 сол аст, ки робитаҳои байни Тоҷикистон ва Австрия ба зинаҳои баланд бароварда шуда, корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Клагенфурт бо ҳам ҳамкорӣ менамоянд, мутахассисони онҳо аз корхонаҳои якдигар боздид ва таҷрибаомӯзӣ менамоянд, намоишгоҳҳои маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаҳои Тоҷикистон ва Австрия дар ҳар ду кишвар мунтазам ташкил карда мешаванд.
Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия "Созишнома дар бораи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодии хориҷӣ" ба имзо расид. Дар заминаи ин созишнома барои вусъатёбии робитаҳои иқтисодии дуҷониба асоси ҳуқуқӣ ба вуҷуд омад. Дар Тоҷикистон шаш корхонаи муштарак бо иштироки сармоягузорони Австрия, ба монанди "Регар-Геха", "Файзобод", "Эбланд", "Тоҷикмарк" ва "Рангон" таъсис ва фаъолият менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли панҷ соли охир се маротиба ба Австрия сафар намудааст. Дар ҷараёни ин сафарҳо Президенти ҶТ бо роҳбарияти давлат ва ҳукумати давлати Австрия мулоқотҳои судманд анҷом дода, созишномаю ҳуҷҷатҳои муҳими

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё