Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
танзимкунандаи муносибатҳои гуногунсоҳаи байни Тоҷикистон ва Австрияро ба имзо расонидааст.
Баъд аз ба даст даровардани соҳибистиқлолӣ аввалин созишномаи танзимкунандаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Австрия дар соҳаи робитаҳои иқтисодии хориҷӣ дар Вена 4 феврали соли 1994 аз тарафи вазири робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид.
4 марти соли 1994 дар рафти сафари расмии ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вена Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Австрия оид ба робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ ба имзо расид. Дар доираи ин Созишнома ҳамкории иқтисодии байни ду давлат оғоз гардид. Дер нагузашта, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила корхонаҳои муштарак бо иштироки сармоягузорони Австрия бо номи "Регар-Геха", "Хуҷанд-Пакинг", "Файзобод", "Раҳш", "Кавш", "Мармар" ба қайд гирифта шуд. Дар баробари ин дар ҳудуди Тоҷикистон ду корхона - "Памиринвест" ва "ТАМО" бо маблағи сармоягузорони Австрия ба фаъолият сар карданд.
Соли 1997 Ҳукумати Австрия барои гузаронидани вохӯрии давлатҳои донор, ки бо ташаббуси Хазинаи Байналмилалии Асъор дар Вена гузаронда шуд, мусоидат намуд.
14-17 апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дуюм бо сабаби иштирок дар ҷаласа оид ба мубориза зидди ҷинояткорӣ ва терроризми байналмилалӣ аз шаҳри Вена дидан намуд. Дар рафти ин сафар якчанд вохӯриҳои судманд бо роҳбарияти давлатии Австрия ва Вазорати иқтисоди ин кишвар гузаронида шуд. Солҳои охир аз ҳар ду ҷониб барои устувор намудани асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои иқтисодии ду давлат якчанд созишномаҳоро омода намуданд, ки дар сафарҳои минбаъдаи расмии роҳбарияти ин ду давлат бояд ба имзо расанд.
Дар доираи барномаи сафари худ ба Ҷумҳурии Австрия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Президенти Австрия Томас Клестил мулоқоти як ба як доир намуд. Э. Раҳмонов омодагӣ ва манфиатдор будани Тоҷикистонро дар тавсеаи робитаҳои дуҷонибаи иқтисодӣ бо Австрия ва ҳамкориҳои фаъоли Тоҷикистон бо Австрия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё