Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
оид ба ҷалби сармоя изҳор намуд. Сарвари Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Австрия барои кӯмаки башардӯстона, пуштибонии раванди сулҳ ва ҳамкорӣҳо дар тарбия ва бозомӯзии мутахассисони тоҷик сипогузорӣ намуд.
Ҳамзамон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Назаров бо котиби давлатии вазорати корҳои хориҷии Австрия Алберт Рухан мулоқот орост.
Ҷадвали №9
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия
(ҳазор доллар)
| с.1995 | с. 1996 | с. 1997 | с. 1998 | с. 1999 | с.2000 | |
|---|---|---|---|---|---|---|
| Муомилоти савдои хориҷӣ | 15160,7 | 4048,3 | 7025,6 | 1928,5 | 252,8 | 339,4 |
| Содирот | 13248,9 | 3490 | 5211 | 1023,2 | 51,2 | 303,1 |
| Воридот | 1911,8 | 558,3 | 1814,6 | 905,3 | 201,6 | 36,3 |
Ҳаҷми муомилоти байни ин ду давлат дар панҷ соли охир рӯ ба камшавӣ ниҳодааст. Агар соли 1995 ҳаҷми муомилоти хориҷии ду давлат 15160,7 ҳазор долларро ташкил намуда бошад, ин нишондод соли 2000 ҳамагӣ 339,4 ҳазор долларро ташкил намуд (Ҷадвали №9).
4.3.7. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Германия
Ҷумҳурии Федеративии Германия дар солҳои вазнини пас аз ҷанги гражданӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯмаки зиёди башардӯстона расонидааст.
Моҳи июн ва августи соли 1995 байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия ду Созишномаи муҳим ба имзо расида буд - "Дар бораи ҳамкории фарҳангӣ" ва "Дар бораи таъсиси фонди тадқиқот ва мутахассисон".
Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Германия пас аз ба имзо расидани созишномаи "Фонди тадқиқот ва мутахассисон" ки пурра аз ҷониби ҳукумати ин кишвар маблағгузорӣ мегардад, ба сатҳи нав баромадааст. Мутобиқи ин созишнома ҳукумати Германия дар тӯли солҳои 1994-1996 барои тадқиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои зерин зиёда аз 4 млн. маркаи немисӣ ҷудо намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё