Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТаҳсилотИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

• ҳамкорӣ дар соҳаи протезшиносӣ;
• беҳтар намудани обтаъминкунии шаҳри Душанбе;
• расонидани доруворӣ ба муассисаҳои табобатӣ;
• беҳтар намудани системаи андозбандӣ.

Дар доираи татбиқи Созишнома дар шаҳри Душанбе қароргоҳи Ҷамъияти мусоидати техникии Германия ифтитоҳ ёфт. Соли 1997 дар доираи тадқиқи лоиҳаҳои мавҷуда ва дар заминаи лоиҳаҳои нав дар соҳаи кишоварзӣ ва дар соҳаи дастгирии бизнеси хурд ва миёна 2,8 млн. маркаи немисӣ ҷудо карда шуд.

Моҳи январи соли 1998 бо даъвати вазири иқтисоди Германия сафари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи аҳду паймони дар ҷараёни ин сафар басташуда, моҳи июни соли 1998 дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд семинар бахшида ба рушди муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Германия баргузор гардид.

Моҳи июни соли 1999 сафари ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Германия баргузор гардид, дар ҷараёни он масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи иқтисодии ду кишвар ба тавсеаи барномаҳои кӯмак ба Тоҷикистон, масъалаҳои ҳамкории техникии ду кишвар, масъалаҳои кушодани хати кредитӣ барои таҷдиди корхонаҳои саноатӣ ва рушди бизнеси хурд, масъалаҳои навсозии шабакаҳои телефонии шаҳри Душанбе дар доираи Созишномаи имзогардида бо фирмаи "Алкотел СЕЛ АГ" масъалаҳои кушодани хатҳои иловагии кредитӣ аз ҷониби институтҳои молиявии Германия таҳти лоиҳаҳои гуногуни имтиёзноки сармоягузорӣ ва кушодани маркази бизнес дар шаҳри Душанбе ва ғайра муҳокима гардиданд.

Ҳоло дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд корхонаҳои муштараки Тоҷикистону Германия, ба монанди "Наргис", "Мост", "Тадемак", "Дружба" ва корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия ва Германия "Евразия" фаъолият мекунанд. Фаъолияти асосии онҳо истеҳсоли масолеҳи сохтмон, ҷорӣ намудани техникаи Германия, истеҳсол ва фурӯши сангҳои ороишию декоративии сохмонӣ.

пешина
аз 785
навбатӣ