Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҷорӣ намудани техника ва технологияи пешқадами хориҷӣ мебошад.
Илова бар ин, дар Тоҷикистон корхонаҳои пурра ба сармоягузории Германия тааллуқдошта, ба монандӣ «Ганҷина», «Дойче Хилсфондс» ва «Мюллер и Шелл» фаъолият доранд.
4.3.8. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Швейтсария
Муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Швейтсария решаҳои амиқи таърихӣ надоранд. Онҳо танҳо пас аз ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор шуда буданд, вале ин муносибатҳо босуръат тараққӣ меёбанд.
2 ноябри соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов Канслери федералӣ — вазири молияи Конфедератсияи Швейтсария Каспар Филлигирро ба ҳузур пазируфт. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ дар партави натиҷаҳои гуфтушуниди сарварони ду давлат, ки моҳи июни соли 2000 дар Женева баргузор гардида буд, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳоло Швейтсария яке аз шарикони асосии тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария соли 1998 зиёда аз 202,4 млн доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз рӯи ин нишондиҳанда Швейтсария дар байни кишварҳои хориҷии дур пас аз Нидерландия ҷои дуюмро ишғол менамояд. Дар сохтори воридот ғаллаи озуқа, автомобилҳо, электродҳои ангиштӣ, таҷҳизот ва дорувории тиббӣ афзалият дорад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов ба ҳукумати Конфедератсияи Швейтсария барои расонидани кӯмаки башардӯстона ва техникӣ, намояндагӣ намудани манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ХБА, Бонки умумиҷаҳонӣ ва дигар сохторҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайра изҳори миннатдорӣ намуд. Канслери Швейтсария изҳори боварӣ намуд, ки расмиёти зарурӣ оид ба ҷудо намудани грант ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 1,2 млн доллари ИМА барои маблағгузории компоненти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё