Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Лоиҳаи кам кардани хатари кӯли Сарез, инчунин 1,7 млн. доллари ШМА барои харидории таҷҳизот ва пардохти музди кори машваратчиён дар зинаи баанҷомраӣ қарор дорад.

Ҷадвали №10
Муомилоти савдои хориҷии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Швейтсария (ҳазор доллар)

с.1995с.1996с.1997с.1998с. 1999с.2000
Муомилоти савдои хориҷӣ71583,0127222,2158411,0202419,697932,872804,8
Содирот36969,982503,9140715,49487574994,572235,5
Воридот34613,144718,317695,6107544,624938,3569,3

Ҳоло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Швейтсария "Свитовус" фаъолият дорад, ки ба истеҳсоли молҳои истеъмолии халқ ва анҷом додани корҳои васлу пардоз бо иштироки сармоя дар ҳаҷми 400 ҳазор доллари ШМА махсус гардонида шудааст. Ҳамчунин дар Тоҷикистон чунин корхонаҳои муштарак ба монандӣ "Сарез", "Био-Хуҷанд", "Э ва Б", "МИФ", "Диваштич ЛТД", "Импекс", "JNH-Asia LND", "Эко-Помир" ва "Данҷин" ба қайд гирифта шудаанд.

Имрӯзҳо, намояндагиҳои ду фирмаи Швейтсария "Паул-Ренхарт" ва "М+М" самаранок фаъолият доранд.

4.3.9. Муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистон ва Италия

Италия яке аз кишварҳои мутараққии саноатию аграрии ҷаҳон ба шумор меравад. Муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Италия ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ барқарор ва рушду инкишоф меёфтанд. Корхонаҳои зиёди саноатии Тоҷикистон бо таҷҳизоти сохти Италия ҷиҳозонида шудаанд.

Корхонаи бузургтарини электрохимиявии Ёвони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки техникии Италия сохта шудааст. Таҷҳизоти италиягие, ки дар корхонаҳои дигари саноатии Тоҷикистон насб шудаанд, ба монандӣ заводи алюминийи Тоҷикистон, фабрикаҳои пойафзолдӯзӣ ва ҷӯроббофии шаҳри Душанбе, инчунин дар Иттиҳодияи нонпазии Душанбе то ҳол маҳсулоти хушсифат истеҳсол

пешина
аз 785
навбатӣ