Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
менамоянд. Имрӯзҳо фирмаҳои хусусии Италия ҳамкориро дар соҳаи коркарди сангҳои ороишӣ, хусусан мармар ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин ҳамкорӣ дар соҳаи саноати чарму пойафзол ва коркарди пахта равнақ меёбад. Дар соҳаи коркарди пахта фаъолияти корхонаи муштараки Тоҷикистону Италия "Ҷавонӣ" қобили тазаккур аст. Дар сурати пурра ба кор даромадани ин корхонаи муштарак фабрикаи ресандагии он ҳар сол то 40 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард менамояд. Фабрикаи бофандагӣ бошад, 6 млн. метр газвор ва фабрикаи дӯзандагии ин корхонаи муштарак 4,5 млн. адад маҳсулоти тайёр истеҳсол менамояд.
Моҳи июни соли 1996 корхонаи муштараки коркарди мармар дар шаҳри Панҷакент бо иқтидори 60 ҳазор метри мураббаъ мармар дар як сол, ба кор даромад. Дар оянда иқтидори ин корхона ду баробар афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти он то 120 ҳазор метри мураббаъ расонида хоҳад шуд.
Ҳаҷми муомилоти моли байни Тоҷикистону Италия сол аз сол меафзояд. Агар соли 1999 ҳаҷми содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Италия 4,935 ҳазор долларро ташкил намуда бошад, ин рақам соли 2000 якчанд маротиба афзуда, 21347 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод. Ҳаҷми воридоти Тоҷикистон низ аз Италия солҳои охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Агар соли 1999 ҳаҷми умумии воридот аз ин кишвар 3,884 ҳазор долларро ташкил намуда бошад, соли 2000 ин нишондиҳанда то 17,348 ҳазор доллар афзуд.
Дар тӯли 10 соли истиқлолият Тоҷикистон ҳамчунин бо Франция, Шветсия, Нидерландия, Югославия, Полша, Булгория робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба роҳ монда, лоиҳаи созишномаҳои ҳамкориро бо ин кишварҳо таҳия намудааст.
Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли муддати кӯтоҳи истиқлолият бо тамоми кишварҳои Европа робитаҳои гуногунсоҳаро ба роҳ мондааст. Ҳаҷми содироту воридоти молу маҳсулот бо кишварҳои Европа сол аз сол меафзояд. Ҳаҷми умумии содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои Европа соли 2000 - 410492,1 ҳазор доллари ШМА-ро ташкил дод, ки он 58,3%-и ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистонро ташкил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё