Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ V. МАВҶИ АВВАЛИНИ РАВАНДИ ҲАМГИРОИИ МИНТАҚАВИ ДАР ҶАҲОН

§ 5.1. Ҳамгироии минтақавии давлатҳои Америка

Комёбиҳое, ки давлатҳои аъзои Иттиҳоди Европа дар натиҷаи риояи принсипҳои ҳамгироӣ дар соҳаи иқтисодиёт ба даст оварданд, солҳои 60-ум тамоми ҷаҳон, аз ҷумла, пеш аз ҳама давлатҳои минтақаи Америкаро ба ҷунбиш оварда буд. Дар муҳлатҳои кӯтоҳ дар ин минтақа аз рӯи принсипи ҷойгиршавии давлатҳои ба ҳам наздик якчанд блокҳои иқтисодӣ бунёд гардиданд.

Соли 1960 Ассотсиатсияи ҳамгироии давлатҳои Америкаи Лотинӣ (ЛАИА), ки ба ҳайати он давлатҳои Аргентина, Боливия, Бразилия, Чили, Колумбия, Эквадор, Мексика, Парагвай, Перу, Уругвай, Венесуэла дохил мешуданд, бунёд гардид.

Ассотсиатсияи ҳамгироии давлатҳои Америкаи Лотинӣ (ЛАИА) бо мақсади ҳарчӣ тезтар аз худ намудани ҳавзаи Амазонка дар назди худ мақсад гузошт, ки дар муҳлати кӯтоҳ дар натиҷаи доир намудани либерализатсияи сиёсати гумрукӣ барои муҳоҷирати қувваи корӣ ва осонтар намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ тамоми шароитҳои лозимиро муҳайё намояд.

Давраи бунёди ин Ассотсиатсия то соли 1982 давом кард ва дар ҷаҳон бо номи қитъаи бозори озоди ЛАСТ хеле машҳур гардидааст.

Моҳи майи соли 1961 бо розигии давлатҳои Салвадор, Гватемала ва Никарагуа блоки бозори умумии Америкаи марказиро бунёд намуданд. Ба ин блок соли 1962 давлати Гондурас ва сентябри соли 1963 давлати Коста-Рика низ ҳамроҳ шуданд.

Моҳи ноябри соли 1969 дар натиҷаи вохӯрии роҳбарони давлатҳои Боливия, Эквадор, Чили, Колумбия ва Перу созишномаи КАРТАХЕН ба имзо расид, ки дар асоси он блоки гурӯҳи давлатҳои АНД бунёд гардид.

Соли 1973 ба ҳайати ин блок давлати Венесуэла низ дохил гардид.

пешина
аз 785
навбатӣ