Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Мамлакатҳои дар боло номбурдаро шароити хоси табиӣ ва иқлимии махсус бо ҳам наздик намуда буд. Онҳо дар натиҷаи вохӯрии сарварони давлатҳо ба хулосае омаданд, ки якҷоя дар натиҷаи муттаҳид намудани сармояҳо ба азхудкунии сарчашмаҳои ноҳияҳои кӯҳии давлатҳои АНД машғул шаванд.
Бо шарофати амалӣ шудани ин мақсад робитаҳои тиҷоратию иқтисодии ин давлатҳо беш аз пеш мустаҳкам мешаванд ва рушду нумӯъ меёбанд.
Соли 1961 ҷараёни бунёди бозори умумии Америкаи Марказӣ бо номи САСМ (КАКМ) оғоз гардид. Ба ин созмон давлатҳои Салвадор (1961), Гватемала (1961), Никарагуа (1961), Гондурас (1962), Коста-Рика (1963) ҳамроҳ шуданд.
Ин давлатҳо ба мақсади хотима додан ба қафомонии иқтисодӣ ва дар мӯҳлати хеле кӯтоҳ муваффақ шудан ба пешрафти иқтисодии мамлакатҳои худ барои мустаҳкамшавии ҳамкории иқтисодӣ чораҳои мушаххас меандешиданд.
Аз ҷумла, фонди махсуси тараққиёти қитъаи Америкаи Марказӣ бо ин мақсад бунёд карда шуд.
Гузашта аз ин, дар атрофи ин нақшаҳо солҳои тӯлонӣ баҳсу мунозираҳои бисёре ба миён омад ва оқибат барои ин корҳо маблағҳои калон ҷудо карда шуд. Вале бо сабаби сар задани даргириҳои пай дар пай дар Никарагуа ва ҳал нашудани масъалаҳои сиёсии ин мамлакат пешрафти иқтисодии кулли давлатҳои аъзои САСМ (КАКМ) халалдор гардид.
Аз нимаи дуюми соли 1965 то соли 1973 раванди ҳамгироӣ тамоми қитъаи боқимондаи Америкаи Лотиниро фаро гирифт. Дар натиҷаи пешниҳоди ҳукуматҳои Барбадос ва Ямайка — иттиҳод ва бозори умумии давлатҳои ҳавзаи Кариб, ки дар аввалҳо бо номи КАРИФТА ва баъдтар бо номи КАРИКОМ хеле машҳур гардида буд, бунёд карда шуданд. Ба ҳайати он давлатҳои Антигуа ва Барбуда, Ҷазираҳои Багам, Белиз, Доминика, Гренада, Гайана, Монтсеррат, Сент-Кристофер ва Невис, Сент-Люсия, Сент-Винсент ва Гренадин, Тринидад ва Тобаго ҳамроҳ шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё