Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Муттаҳидшавии давлатҳои Америкаи Лотинӣ дар ин давра сабабҳои махсуси худро дошт.

Якум, баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон ва дар соли 1945 аз тарафи ШМА истифода гардидани яроқи ядроӣ кулли давлатҳои номбурдаро водор намуд, ки дар мадди аввал баҳри ҳифзи ватани худ бо ҳам муттаҳид шаванд.

Дуюм, маҳдуд будани бозори дохилии давлатҳо монеаи бузурге буд барои пешрафти тараққиёти хоҷагии халқи ин мамлакатҳо.

Сеюм, барои пешгирӣ намудани қафомонии иқтисодӣ аз давлатҳои Европа дар мадди аввал бояд ин давлатҳо стратегияи мавҷударо тағйир дода, аз принсипҳои ҷойдоштаи дастгирии бозори дохилӣ даст кашанд ва роҳҳои бунёди бозорҳои умумиро ҷустуҷӯ кунанд.

Аз тарафи дигар, тараққиёти босуръати соҳаҳои гуногуни саноати дигар мамлакатҳои ҷаҳон давлатҳои Америкаи Лотиниро водор намуд, ки баъд аз хотима ёфтани Ҷанги дуюми ҷаҳон аз мақсадҳои дар пешгузоштаи худ оид ба тараққӣ додани ҳамаи соҳаҳои саноати мамлакат ва дар асоси он вобастаи дигар мамлакатҳо нашудан, даст кашанд.

Муттаҳидшавии давлатҳои Америкаи Лотинӣ бо тақозои замон принсипҳои нави тараққиёти ин давлатҳоро муайян намуд. Дуруст ба роҳ мондани ҳамкории иқтисодӣ бояд ба равнақу ривоҷи соҳаҳои саноати ҳар як мамлакатҳои аъзои ин блок (иттиҳод) ва дар бозори ҷаҳонӣ қобили рақобат будани маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо, мусоидат мекард.

Дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи ҳамгироии давлатҳои Европа блокҳои бунёдгаштаи давлатҳои Америкаи Лотинӣ вобаста ба шароити он давра се модели ҳамкории иқтисодиро интихоб намуда буданд.

Кулли давлатҳои аъзои Ассотсиатсия ҳамгироии давлатҳои Америкаи Лотинӣ (ЛАСТ), агар модели минтақаи тиҷорати озодро пеш гирифта бошанд, давлатҳои аъзои блоки АНД ва КАРИКОМ дар робитаҳои иқтисодии байнидавлатии худ модели бозори умумиро интихоб ва истифода менамуданд. Интихоби чунин

пешина
аз 785
навбатӣ