Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
моделҳои беҳтарини он давра, ки воқеан ба ҳар аъзои блокҳои АНД ва КАРИКОМ имтиёзҳои зиёдро медод, барои вусъати иқтисодиёти ин давлатҳо кӯмаки бузурге расонд.
Давлатҳои аъзои блоки АНД бо сабаби аз ҷиҳати ҷуғрофӣ ба якдигар наздик воқеъ буданашон мақсад доранд, ки дар робитаҳои иқтисодии худ барои ҳарчӣ тезтар ноил шудан ба нашъунамои мамлакатҳои худ дар баробари гузашт ва имтиёзҳои иқтисодие, ки модели савдои озод медиҳад, инчунин тамоми имтиёзҳои дигари онвақтаро, ки бештар бо модели бозори умумӣ мансуб буданд, истифода мебурданд. Онҳо дар робитаҳои иқтисодии худ тамоми монеаҳоро аз байн бардошта, дар ҷараёни додугирифти молҳо тарифҳои гумрукии ягонаро ҷорӣ карда буданд.
Дар баробари ин, баҳри ҷалб ва ҳавасманд намудани сармоягузорҳои байнидавлатии аъзоёни блок тамоми шароитҳоро муҳайё карда, барои ворид нашудани сармоягузориҳои хориҷӣ монеаҳои зиёдро ҷорӣ намуданд.
Пешрафти тараққиёти давлатҳои блоки АНД дар давраи аввали муттаҳидшавӣ аз он иборат буд, ки онҳо бо сармояи худ сохтмони корхонаҳои азимро ба манбаи ашёи хом наздик намуда, бештар барои истеҳсоли молҳои истеъмолии дар бозорҳои ҷаҳон рақобаткунанда шурӯъ намуданд.
Дар ин давра давлатҳои аъзои блоки Ассотсиатсияи тиҷорати озоди Америкаи Лотинӣ (ЛАСТ) бошанд, бештар сиёсати махфии маҳдуд намудани воридоти молҳои истеҳсоли хориҷиро пеш гирифта, барои бунёди чунин корхонаҳо ва таъмини талаботи доимии истеъмолкунандагон бо молҳои шабеҳи хориҷӣ тамоми имтиёзҳоро фароҳам оварда буданд.
Ассотсиатсияи ЛАСТ мақсади пурра бардоштани ҳама гуна монеаҳои гумрукии садди роҳи робитаҳои иқтисодӣ ва дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ бунёд намудани бозори умумиро дошт.
Сарфи назар аз муваффақиятҳои бадастоварда монеаҳои зиёде садди роҳи давлатҳои Америкаи Лотинӣ мегардиданд. Проблемаҳои ҷойдоштаи сиёсӣ ва иқтисодии он давра дар бисёр мавридҳо садди

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё