Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
роҳи истифодаи пурраи шароитҳои мавҷудаи раванди ҳамгироӣ мешуданд.
Дар баробари ин, роҳбарияти давлатҳои аъзои блокҳои АНД, ЛАСТ, САСМ дар фикри бунёди сохторҳои махсусе, ки барои нақшакашӣ, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ намудани мақсадҳои онҳо мусоидат менамуданд, набуданд.
Ин оҳиста-оҳиста боиси он гардид, ки аз кулли молҳои истеҳсолшуда ҳамагӣ панҷ фоизро тиҷорати дохилии байни давлатҳои аъзои блок ташкил медод.
Аз тарафи дигар, аз давлатҳои нав рӯ ба инкишоф ниҳодаи аъзоёни блоки номбаршудаи қитъаи Америкаи Лотинӣ давлати тараққикардаи он давра Штатҳои Муттаҳидаи Америка нашъунамо ёфта, барои воридоти молҳои истеҳсоли ин давлатҳо ба ҳудуди давлати худ имтиёзҳои зиёдеро фароҳам меовард. Бинобар ин, кулли давлатҳои тараққикардаи аъзоёни блоки навбунёди Америкаи Лотинӣ мустақилона бо ШМА тиҷорат намуданро афзалтар медонистанд. Чунин шароит оҳиста-оҳиста боиси сустшавӣ ва аз байн рафтани баъзе блокҳои навбунёди минтақаи Америкаи Лотинӣ гардид.
Давлатҳои аз блокҳои иқтисодӣ баромада байни худ бештар дар асоси созишномаҳои дуҷониба робитаҳои иқтисодиро ба роҳ мемонданд. Роҳбарияти ин давлатҳо барои ҳавасманд кардани шарикони худ ба якдигар гузаштҳои зарурии иқтисодиро дареғ намедоштанд. Ин самти ҳавасмандкунии тараққиёти истеҳсолот дар ин давра дар минтақаи Америкаи Лотинӣ боиси бунёди модели сеюми ҳамгироӣ, яъне бунёди Ассотсиатсияи ҳамгироии Америкаи Лотинӣ бо номи (ЛАИА) гардид.
Дар мӯҳлатҳои кӯтоҳ, қариб ҳамаи давлатҳои минтақаи Америкаи Лотинӣ аъзои комилҳуқуқи ин созмон гардиданд.
Бартарии Ассотсиатсияи ҳамгироии ЛАИА аз Ассотсиатсияи тиҷорати озоди Америкаи Лотинӣ аз он иборат буд, ки дар асоси қонунҳои қабулнамудаи он ҳар як давлати аъзои ин созмон бешубҳа ҳуқуқи бо дигар давлатҳои ҳамсоя бастани созишномаҳои дуҷониба ва ҳатто сеҷонибаро низ дошт. Дар асоси ин созишномаҳо давлатҳои аъзои блоки ЛАИА ба якдигар гузаштҳои иқтисодӣ мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё