Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

Бояд таъкид намуд, ки мақсади асосии созмони ЛАСТ аз сари роҳи тиҷорат бардоштани монеаҳои гумрукӣ дар ин давра вуҷуддошта, ки дар шакли танзими тарифӣ ва ғайритарифӣ дучор мешуданд иборат буд, аммо дар бартараф намудани ин монеаҳо ва ҳарчи тезтар ба бозори умумӣ роҳ кушодан доимо мухолифони зиёдеро пайдо мекарданд.

Соли 1980 маълум гашт, ки механизми бунёднамудаи ҳамгироии иқтисодӣ дар амал пурра кор намекунад. 14 фоизи ҳаҷми умумии тиҷорати ин созмон асосан ба тиҷорати давлатҳои Мексика, Бразилия ва Аргентина рост меомад.

Роҳбарияти Ассотсиатсияи ҳамгироӣ (ЛАИА) дар бобати ба роҳ мондани муносибатҳои иқтисодии байни давлатҳои аъзои блок аз таҷрибаи мавҷудаи созмони ЛАСТ даст кашида, меъёрҳои ҳавасмандкунии боҷҳои гумрукӣ ва шаклҳои гуногуни ҳамкории иқтисодии ба тарафайни фоидаварро кор карда баромад.

Ба туфайли амалӣ намудани нақшаҳои боло муомилоти тиҷорати дохилии давлатҳои аъзои ЛАИА дар муҳлати кӯтоҳ дар соли 1988 ба 10,7 фоиз расонида шуд.

Дар баробари муттаҳидшавии давлатҳои мутараққии Амрикои Лотинӣ дар бораи чунин давлатҳои бузург ба монандӣ ШМА ва Канада сухан нагуфтан доир ба вазъи ин қитъа иттилооти мо нопурра мебуд.

Дар солҳои баъдиҷангӣ ШМА ва Канада ба туфайли бо роҳи илмӣ тараққӣ додани кулли соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати вазнин ба яке аз давлатҳои абарқудрати ҷаҳон табдил ёфтанд.

Робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии Америка ва Канада бо ҳар як давлати аъзои блокҳои КАРИКОМ, гурӯҳи давлатҳои АНД, бозори умумии Амрикои Марказӣ ва Ассотсиатсияи ҳамгироии Амрикои Лотинӣ (ЛАСТ) бевосита ба роҳ монда шуда буд.

Муносибатҳои тиҷоратии онҳо, агар аз як тараф, бевосита тиҷорати маводи аввала барои соҳаҳои гуногуни саноати ШМА ва Канада бошад, аз тарафи дигар, аз қонеъ намудани талаботи давлатҳои Амрикои Лотинӣ бо олоту дастгоҳҳои техникӣ ва

пешина
аз 785
навбатӣ