Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
таҷҳизоти нави замонавӣ барои зироаткорӣ, канданиҳои фоиданок, маводи хӯрокаву пӯшок ва ғайра иборат буданд.
Соли 1965 дар натиҷаи ба имзо расидани созишномаи байни ШМА ва Канада дар бораи тиҷорати озод ҳамкории гуногунсоҳаи ин ду мамлакат оғоз ёфт.
Дар муддати 39 соли баъди ба имзо расидани ин созишнома, муносибатҳои тиҷоратии ин ду мамлакати бузург дар шаклҳои мухталиф ба роҳ монда шуда, ба пурқудрат гардидани иқтисодиёт ва инкишофи соҳаҳои гуногуни саноати онҳо замина гузошт.
Аз соли 1965 сар карда байни ин ду давлат Созишномаи тиҷорати маҳсулоти саноати автомобилсозӣ амал мекунад. Мувофиқи ин созишнома автомобилҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли ШМА ба ҳудуди давлати Канада ва автомобилҳои истеҳсоли Канада ба ШМА бидуни пардохти андозҳои гумрукӣ ворид карда мешаванд.
Татбиқи ин созишнома ҳавасмандии ин ду давлатро дар вусъати робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ боз ҳам зиёд намуд.
Соли 1987 дар музокироти намояндагони ШМА ва Канада масъалаи пурра аз байн бардоштани маҳдудиятҳои иқтисодӣ баррасӣ гардид.
Аз тарафи дигар, роҳбарияти ҳар ду давлат ҳам аз иқдомҳои оянда дар ҳарос буданд ва дар натиҷаи таҳлили ахбороти вазъи ҳамдигар дурнамои ҳамкориро аз нуқтаи назари худ пешбинӣ менамуданд.
ШМА аз субсидияҳое, ки ҳукумати Канада ба корхонаҳои зиёди худ медод, дар ташвиш буд, ки дар оянда Ҳукумати Канада ба манбаъҳои бузурги сармоягузории Америка роҳ ёфта, бо имтиёзҳои афзалтар сармояи бисёрро ба кишвари худ ҷалб менамояд.
Ҳукумати Канада аз тарафи худ бекор намудани қонуни ШМА-ро, ки дар асоси он ҳимояи кулли молистеҳсолкунандагони американӣ аз рақобати молистеҳсолкунандагони Канада таъмин карда мешуд, талаб мекард. Мувофиқи талаботи ин қонун молистеҳсолкунандагони Канада бояд моли худро дар бозори

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё