Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Америка 20 фоиз арзонтар фурӯхта, ин маблағро аз фоидаи истеҳсолоти худ (аз сарфаи хароҷоти истеҳсолӣ) ҷуброн мекарданд.
Дар баробари ин, Канада хавфи аз даст додани ҷамъият, истиқлолият ва маданияти худ, ба роҳ мондани сиёсати берунаи худ, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ тобеи ШМА шуданро баръало медид.
Баъзе сиёсатмадорони ШМА, аз он ҷумла роҳбарияти штатҳои бо Канада ҳамсарҳад аз чунин наздикшавӣ ҳаросида пешгӯӣ менамуданд, ки тамоми маводи хӯрока оянда аз ҳудуди давлати Америка ба Канада мегузарад.
Гурӯҳи дигаре даъво менамуданд, ки ШМА аз қудрату тавоноии худ истифода бурда, соҳаҳои саноати азимро дар қаламрави давлати худ ва соҳаҳои саноати хурди махсусгардонидашударо дар ҳудуди Канада ҷойгир менамояд.
Бо вуҷуди ҷой доштани чунин ихтилофот 1 январи соли 1989 Созишнома дар бораи тиҷорати озод байни Канада ва ШМА ба имзо расид.
Оҳиста-оҳиста дар натиҷаи амалӣ шудани ин созишнома зиёда аз 750 ҳазор нафар бекорони ШМА ва 150 ҳазор нафар дар Канада соҳиби кор шуданд.
Муомилоти молии ШМА ва Канада дар мӯҳлатҳои хеле кӯтоҳ ба дараҷае афзоиш ёфт, ки то ин вақт дар таърихи муносибатҳои дуҷониба вуҷуд надошт.
Канада дар байни давлатҳои ба ШМА робитаи иқтисодидошта ба ҷои аввал баромада, дар муомилоти мол 20% ҳаҷми воридоти молҳои Америкоиро ташкил менамуд, ки ин қариб ба муомилоти умумии Иттиҳоди Европа баробар буд. ШМА барои Канада яке аз калонтарин мамлакати интиқолкунандаи мол ба шумор мерафт. Аз ШМА зиёда аз 70 фоизи мол ба Канада ва ба ШМА аз Канада 78 фоизи молҳои истеҳсолшуда фиристода мешуданд.
Дар асоси созишномаи тиҷорати озод то охири солҳои 1998, гарчанде, ки воридот ва содирот аз ҳар ду мамлакат бидуни ситонидани андозҳои гумрукӣ ба роҳ монда мешуд, кулли монеаҳои вуҷуддошта пурра аз байн бардошта шуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё